Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ КУКАЛТОШ ДАР ШАХРИ ТОШКЕНТ

МАДРАСАИ КУКАЛТОШ ДАР ШАХРИ ТОШКЕНТ

МАДРАСАИ КУКАЛТОШ, ёдгории меъмори дар Тошкент, Солхои 50 асри 16 дар ахди Барокхон бнио ёфтааст. Дар кисми шахристон ру ба майдони Чорсу (холо Охунбобоев) вокеъ аст. Ба Мадрасаи Кукалтош Бухоро каробат доштанаш аp он шаходат медихад, ки дар сохтмони ин ансамбл меъморони бухорои иштирок доштаанд. Баландии умумии ин мадрасаи дукабата (бо пештоку гунбазхояш) кариб 20 м буда, дар чои баланд бино ёфтанаш хашамати онро боз хам афзудааст. Намои иморат бо пештоки мухташам оро ёфта, ду пахлуяшро хучрахои дукабатаи пешашон равоктокдор ва ду гушаи иморатро гулдастахои мухташам ишгол кардаанд. Мадрасаи Кукалтош ибтидои асри 18 хамчун Мадраса ахамияташро гум карда, ба корвонсарой табдил ёфт.

МАДРАСАИ КУКАЛТОШ
Сурати “МАДРАСАИ КУКАЛТОШ” дар ш. Тошкент

Азбаски дар сохтмони Мадрасаи Кукалтош масолехи сифатан пастро (факат руяш бо хишт рукаш шуда, байни девор бо лою шагал пур карда шудааст) истифода бурдаанд, иморат солхои 30 асри 19 хеле хароб гашт. Солхои 90 асри 19 Мадрасаи Кукалтош баркарор карда шуд, вале он аз зилзилахои минбаъда боз осеб дид. Меъморони тармимгари совети дар асоси кисмхои бокимонда, хуччатхои таърихи ва тадкикоти Мадрасаи Кукалтошро пурра баркаpop карданд.

Холо Мадрасаи Кукалтош шакли аввалаашро гирифтааст. Ду толори паси пешток (дар гузашта масчид ва дарсхона) асоси чоркунча дошта, гунбазпушанд, кунчхояшон аз хисоби токхои чукур васеъ карда шудаанд. Пахлухои хавлиро ду айвон ишгол кардааст. Пешток аз баъзе кисмхои иморат бо усули гирех кошикори шудааст. Ёдгори дар мухофизати давлат аст.

ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …