Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ АБДУЛЛОХХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОХХОН

МАДРАСАИ АБДУЛЛОХХОН (кош мадраса), ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солхои 1588—90 дар ахди Абдуллоххони 11 сохта шудааст. Дар ру ба руи мадрасаи Модари хон чойгир аст. Бандубасташ аз дигар мадрасахои анъанави фарк мекунад. Атрофи хавлиро хучрахои дукабата ишгол кардаанд. Ду пешток дорад. Пештоки калон, ки ру ба чануб аст, кошикорист. Асоси ёдгориро дарсхонаву масчид ташкил дода, дар атроф хонакох ва иморатхои дигари андозаашон гуногун чойгиранд. Ду тарафи пешток ва гулдастахо бо порчахои рангоранги коши пардоз ёфтаанд.

МАДРАСАИ АБДУЛЛОХХОН

Дар конструкцияи Мадрасаи Абдуллоххон пушишхои мураккаби гунбази истифода шудаанд. Дарвозааш бо усули гирех кандакори гардидааст. Ёдгори дар мухофизати давлат мебошад. Ах: Пугаченкова Г. А., Ремпель Л. И. Выдающиеся памятники архитектуры Узбекистана, Ташкент, 19S8. пугаченкова Г. А., Самарканд, Бухара, М., 1961.        А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …