Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ КАПС

МАДАНИЯТИ КАПС

МАДАНИЯТИ КАПС, маданияти археологии охири давраи палеолити боло ва мезолит (хазорахои 9—5 то м.), ки дар Африкаи Шимоли ва мамлакатхои хавзаи бахри Миёназамин пахн шуда буд. Аз номи бошишгохи назди ш. Гафс (Капе)-и Тунис. Ахолии Маданияти Капс бо шикор ва чамъоварии решаю хуша, мевачоту сабзавот машгул буд. Дар бошишгоххо садаф ва устухони хайвонот фаровонанд. Ба Маданияти Капс олоти санги чакмок ва пайконхо хос аст. Порчахои зарфхои аз тухми шутурмург сохташуда ба даст омаданд, ки накшу нигор доранд. Шояд расмхои руи сангро, ки дар Африкаи Шимоли ва Испанияи Гapби ёфтаанд, махз капсихо офарида бошанд. Эхтимол умумияти маданияти давраи палеолити боло ва мезолити ахолии мамлакатхои хавзаи бахри Миёназамин на танхо ба айнияти шароити географи, балки ба робитахои ахолии ин вилоятхо вобаста бошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.