Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Каторкухи ЯЗГУЛОМ

Каторкухи ЯЗГУЛОМ

ЯЗГУЛОМ, яке аз каторкуххои баландтаринест дар Помири Гарби ВАБК). Дар кисми марказии Помири гарби вокеъ гардида, водии д-хои Язгулом ва Бартангро аз хам чудо мекунад. Тулаш такр. 170 км. Баландии каторкух ба хисоби миёна 5750 м, баъзе куллахо аз 6000 м баландтаранд (к. Революция—6974 м). Аз чихати сохти геологи каторкух бештар аз чинсхои сурхранги торригению карбонатии юра ва табоши-и поён таркиб ёфтааст. Рельефи Я. баландкухи сершоха аст, тегахояш тезу нишебихояш ростанд. Баландии нисбии онхо 2500—3000 м. Дар кисми зиёди нишебихо нимбуттаю шибог аз растанихои сирак меруянд. К-кухи Я., махсусан кисми шаркии он, ба яхбандихои сахт дучор шудааст.

yazghulom

Аз доманаи к. Революция калонтарин пиряххои Помир — Федченко ва Груми-Гржимайло ибтидо меёбанд.

Дар нишебихои каторкух пиряххои калони дигар — Ракзов, Язгуломдара, Башурвдара ва г. вокеъ гаштаанд.

Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …