Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Кабилахои САРТ

Кабилахои САРТ

САРТ, с а р т х о, номест, ки кабилахои бодиянишини турку мугул ба ахолии мукимии Осиёи Маркази — сугдиён ва ворисони онхо — точикон додаанд. Сонитар ин номро ба кабилахои мукиминишиншудаи туркхо (узбекхо) низ нисбат кардаанд. Дар за- бони туркии кадим калимаи Сарт ба маънои «савдогар», «пешвои корвон» истифода мешуд. Дар осори Махмуди Кошгари ва Юсуфи Балосагуни (асри 11) истилохи Сарт махз ба хамин маъно омадааст. Пайдоиши калимаи Сарт ба «сартхаваха»-» забони санскрит вобаста аст. Онро дар байни кабилахои турку мугул пайравони хиндуия пахн намудаанд.
Тичорати Осиёи Маркази аз даврахои кадим дар ихтиёри ахолии мукимии эронинажод буд. Бинобар ин барои туркхою мугулхо мафхуми савдогар, яъне «сарт» номи халке гашт, ки вай асосан бо савдо машгул аст. Аммо сугдиён ва точикон барои кабилахои турку мугул на факат савдогар, балки пахнкунандагони маданияти махалли низ буданд. Дар достони мугулхо баходур Сартактан хамчун бунёдгари нахру пул ва сарбандхои беназир васф шудааст.
Баъди истилои Осиёи Миёна мугулхо ва кабилахои туркизабони ба ин сарзамин омада точиконро Сарт меномидаги шуданд. Дар ахди Чингизхон ахолии Осиёи Миёна монанди пештара аз ду тоифа — бодиянишинони туркизабону мардуми мукимии эронизабон иборат буда, аввалиро т у р к, охириро сарт меномиданд.
Дар натичаи мукими гаштани туркхо точикон дар баъзе махалхо забони туркиро кабул мекарданд ва нуфузи ахолии мукимии туркизабон меафзуд. Ин просесс баъди Осиёи Миёнаро забт кардани кабилахои кучманчии узбек авч гирифт ва аз ин сабаб доираи истеъмоли мафхуми Сарт васеъ гашт. Акнун узбекхо хамаи ахолии мукимии ин сарзаминро (сарфи назар аз забон) Сарт меномидаги шуданд. Хамин тавр калимаи Сарт номи тамоми ахолии мукимии ви- лоят гардид.
Истилохи «Сарт» хамчун номи ахолии мукимии Осиёи Миёна баъди калимаи точик маъмул шудааст. Дар байни кабилахои дар гузашта бодиянишин ва нимбодиянишини ба хаёти мукими гузаштаи узбекхо ва киргизхо истилохи Сарт дучор меояд: масалан, сарт-кипчок (узбекхо), сарт-карасокол (киргизхо). Хатто ахолии мукимии туркизабон дар бисёр чойхо худро точик меномид. Ин холат дар асри 19 ва ибтидои асри 20 дар водихои Зарафшон, Кашкадарё, Сурхондарё мушохида мешуд. Аммо ахолии мукимии туркизабони баъзе мавзеъхо (Хоразм, водихои Чирчику Охангарон), ки дар атрофашон кучманчиёни турк бисёр буданд, худро Сарт меномидаги шуданд.
Адабиёт: Бартольд В. В., О преподавании туземных наречий в Самарканде, Сочинение, том 2, части 2. Москва, 1964; хамон муаллиф, Ёщё о слове сарт, хамон чо; хамон муаллиф, Таджкки. Исторический очерк. Сочинение, том 2, часть 1, Москва, 1004; Остроумов Н. П., Сарты. Этиографические материалы, и. 1, Ташкент, 1908; Народы Средней) Азии и Казахстана, том 1, Москва, 1962. А. Давыдов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …