Маълумоти охирин

КАСИДА

КАСИДА ( аз ар. —азм, максад, ният), яке аз маъмултарин шаклхои шеър дар назми классикии форс-точик, халкхои Шарки Наздик ва Осиёи Миёна. Дар эчодиёти шоирони пешазисломии араб ва асрхои нахустини пахншавии ислом К. хеле ривоч дошт. Дар адабиёти форс-точик К. а-хои 9—10 дар эчодиёти аввалин шоирони форс-точик дучор меояд; намунахои бехтарину ба такомул расидаи он дар эчодиёти Рудаки ба назар мерасад. Ду манбаи асоси дар ташаккули К.-и адабиёти форс-точик — назми пешазисломии форс-точик ва К.-хои адабиёти араб вучуд дорад. Дар адабиёти пешазисломи манзумахоеро бо номи чакома (чакомак, чагома) пайдо кардан мумкин аст, ки аз чихати шакл ва мазмун ба К.-хои шуарои асримиёнаги монанданд. Таъсири К.-хои араби дар шакли К.-и адабиёти форс-точик зохир шудаанд. Хусусиятхои шаклии К. дар адабиёти форс-точик инхоянд: микдори абьёт аз 15 то 120 байт (К.-хои хачман зиёдтар— то 200 байт низ мавчуданд); кофиябанди ба тарзи аз, ба, ва, га ва г. Нахустин байти К.-ро матлаъ ва байти охиринашро мактаъ меноманд; яке аз шартхои К.-и хуб доштани хусни матлаъ ва хусни мактаъ аст. Агар микдори абьёти К. аз мизони одди, яъне аз худуди 30—40 байт гузарад, матлаи нав овардан мумкин аст, ки онро тачдиди матлаъ меноманд. Пас аз тачдиди матлаъ шоир метавонад дар мазмуни К. низ тагйирот дароварад. К.-хое низ хастанд, ки тамоми мисраъхои онхо хамкофия мебошанд ва онхоро К.-хои тамомматлаъ мегуянд. Намунаи шеъри тамомматлаъ дар адабиёти пешазисломи манзумаи «Суруди оташкадаи Паркуй» аст. Аз чихати сохт К. ду навъ мешавад: мукаммал ва мухтазаб (буридашуда). К-и мукаммал аз руи колаби муайяне суруда шуда, дорои мукаддима — ташбиб ё насиб, мадх, фахрия, талаб ва дуост. К-и мухтазаб он аст, ки шоир бе мукаддима, аз нахустин байт ба максади аслии хеш пардозад. Дар таърихи адабиёти форс-точик навъхои гуногуни К. ба миён омадааст; аз чихати мавзуъ, мазмуну мундарича ва шакл онхоро ба якчанд гурух таксим намудан мумкин аст:

sher

1)    К-и мадхи, К-е, ки дар махду ситоиши шахсе гуфта шудааст. Дар адабиёти асримиёнагии форс-точик К-хои мадхи бештар ба шохону амирон, намояндагони сулолахои хукмрон, шамшеру тиру камону найза ва диг. васоилу лавозиме, ки хоси мамдух аст, бахшида шудаанд. Унсури, Фаррухи, Манучехрии Домгони, Январи ва диг. аз устодони К-и мадхи мебошанд.

 

2)    К-и холи, шикояти (шиквоия), К-е, ки дар он шикояти шоир аз замон, зиндагии номусоид, баёни ночизию беэътибории чахон, тасвири ягон лахзаи хаёт, гузаштани умри чавони, азобу машаккатхои зиндон, дури аз зану фарзанд, хешу табор ва г. оварда шудааст. К-и «Шикоят аз пири»-и Рудаки, К-хои Масъуди Саъди Салмон бехтарин намунахои ин навъи К. ба шумор мераванд.

 

3)    К-и хачви (хачвия), К.-е, ки дар мазаммату хачви кас суруда мешавад. Ин навъи К. хусусан дар а-хои 11—12 хеле ривоч ёфт. Шоирони дарбор кушиш мекарданд, ки мухолифону душманони мамдух ё ракибони худро бо суханхои тезу тунд таънаю маломат кунанд. Шоири а. 10 Мушики Тирмизиро аз аввалин сарояндагони ин навъи К. медонанд. Дар ашъори Сузании Самарканди, Мунзии Нишопури, Анвари намунаи К.-и хачви дучор меояд.

 

4)    К.-и фалсафи (ирфони), К-е, ки дар он акидахои фалсафи ё ирфонии шоир ифода ёфтааст. Дар адабиёти классикии форс-точик чунин К. бори аввал дар эчодиёти шоири а. 10 Кисоии Марвази дучор мешавад. Аз а-хои 11—12 cap карда ин навъи К. хеле ривоч ёфт. Носири Хисрав, Саъди, Хокони, Чоми К.-и фалсафи эчод кардаанд.

 

5)    К.-и бахория, К-е, ки дар тасвири бахор ва зебоихои он гуфта мешавад (К-хои шоирони нимаи авв. а. К— Манучехри, Фаррухи, Унсури).

 

в) К.-и фахрия, К.-е. ки тамоми он ё мукаддимааш аз баёни сифатхои худи шоир ва ифтихори у аз илму хунараш мебошад.

 

7)    К-хои дини-мазхаби. Ниг. Наът, Муночот.

 

8)    К-и маснуъ, К.-е, ки дар байти он бо ягон санъати шеъри гуфта шудааст. Сурудани ин навъ К., ки тазохуроти шаклпарасти буд, дар а. 12 ривоч ёфтааст. Кивомии Мутарризи ихтироъкунандаи ин навъ К. ба шумор меравад.

 

9)    К.-и ахлоки, К.-е, ки тавассути он шоир акидахои панду ахлоки ва тарбиявии худро баён месозад. Дар адабиёти классикии форс-точик аввалин К.-и ахлокиро дар ашъори шоирони а. 10 Рудакию Кисои пайдо мекунем. Аммо кавитарину мустахкамтарини ин навъиК.-ро Носири Хисрав, Санои, Саъди, Хофиз, Хусрави Дехлави ва Чоми гуфтаанд. Касидахои «Дарьёи аброр»-и Хусрави Дехлави, «Хуччат-ул-ас-рор»-и Абдуррахмони Чоми. «Тух-фат-ул-афкор»-и Навои, ки ба точики дар пайравии касидаи Чомй сурудааст, аз бехтарин К.-хои ахлоки хисоб меёбанд.

Вобаста ба шароити зиндаги, хаёти ичтимоию сиёсии давр, ахволу маишати шоирон мазмуну мундарича ва шакли К,, тагйир ёфтааст. Дар таргибу ташвики акоиди ичтимоии шоирон (даъвати шохон ба адлу адолат дар мадхияхо), ашкъори панду ахлокии онхо, баёни афкори фалсафи ва г. ахамияти К,- зиёд аст. К,.-хои мадхи гарчанде аз чихати гоя паст бошанд хам, аз тарафи дигар онхо бо фаро гирифтани руйдодхои таърихи ахамият доранд. Кисмхои насибу ташбиб (тагаззул)-и онхо намунаи шеърхои барчастаи тасвири образноки табиат («шеърхои пейзажи») мебошанд. Баъзе К.-хо маълумоти зиёди чугрофи, этнографи ва г.-ро дар бар мегиранд. К. дар адабиёти советии точик мисли дигар шаклхои шеър: газал, рубои, дубайти ва г. ривочи босазо надошта бошад хам, сурудани ин навъ шеър кать, нагардидааст. Дар эчодиёти Айни, Лохути, Рахими, Дехоти, Мирзо Турсунзода К. ба назар мерасад. К.-хои адабиёти советии точик аз чихати мазмун ва мавзуъ нав мебошанд. Бештари ашъоре, ки дар васфи партияю халк ва корнамоихои мехнатии мардум суруда шудаанд, К. мебошанд. К,.-и «Кремль»-и Абулкосими Лохути, ки дар чавоби К.-и «Харобахои Мадоин»-и Хоконии Шервони сурудааст, аз чумлаи бехтарин К.-хои адабиёти советии точик ба шумор меравад.

 

Ад.: Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, М., I960; Акимушкин О. Фм К вопросу о традиции жанра искусственной касыды ва персидской поэзии, дар мацм.: «Иран», М., 1971; Муллоадмадов М., Фаррухии Систонй, Д.. 1977; Абдуллоев А., Адабиёти форсу точик дар нимаи аввали асри XI, Д., 1979;

У. Тоиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …