Маълумоти охирин

КАЛАМИ

КАЛАМИ, як навъ матои оддии пахтагинро гуянд, ки хатхои рост-рости кушоди гуногунранг дошт. К. аз кадим дар байни халкхои Осиёи Миёна, аз чумла точикон маъмул буд. Ресмони К. 83 пахтаи чойдори— рузаи сафед ресида мешуд. Бинобар ин тори он нисбатан гафсу матоъ тахту зич буд. К.ро дар дастгохи оддии дастии дугула ва дупопушала (пофишор) мебофтанд. Аз К. курта, лозими ва чомахои мардона медухтанд. Холо К. бархам хурдааст. К-ро дар баъзе нохияхои Точикистон суси меноманд.

Н. Турсунов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.