КАЙ, аз рудаю меъда ба воситаи дахон беихтиёр омадани фарс (хуроки фурубурда ва г.)-ро гуянд. К. амалиёти рефлексии мураккаб буда, дар натичаи тахаючи маркази кайкуни, ки дар магзи дарозруяи capчой дорад пайдо мешавад. Хангоми К. баромадгохи меъда танг ва даромадгохи он кушода мешавад. Дар натичаи харакати чаппаи рудахо (аз поён ба боло) хурок аз меъда ба сурхруда ва аз он берун меравад. Дар ин вакт ханчара болою сарпушакаш поён ва рохи овоз пушида шуда, моддахои кай ба роххои нафаскаши намеафтанд. Боло шудани ком ба дохил шудани фарс ба ковокии бини монеъ мегардад. Таъсири моддахои ангезанда ба пардаи луобии меъда, таъсири бевоситаи моддахои захрнок ба маркази он, ангезиши даррокхо (рецепторхо) мас., хангоми касалии узвхои батни, магзи cap, пардахои он ва г., сабабхои К.-анд. Ба воситаи К. аз меъдаю руда моддахои зарарнок дур карда мешаванд. К. баъзан (мас.,К.-и пасихам хангоми тангшавии баромадгохи меъда) сабаби камобшавии организм, вайроншавии мубодилаи моддахои минерали ва мувозинати кислотаю ишкор мегардад. К. дар холати масти, игмо махсусан баъди наркоз хавфнок аст, чунки дар Ватикан атония (сусти)-и сарпушаки хандара ва коми нарм фарс мумкин аст ба даруни бини ва роххои нафаскаши афтида, сабаби асфиксия (нафастанги) гардад.