КАХРАМОНИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ, унвони олии фахри, ки аз с. 1934 барои хизматхои барчаста ва корнамои ба нафъи чамъият ва давлат дода мешавад. Ин унвонро Президиуми Совети Олии СССР бо ордени Ленин, медали «Ситораи тилло» ва Грамотаи Президиуми Совети Олии СССР медихад.