Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / КАХРАМОНИ АДАБИ

КАХРАМОНИ АДАБИ

КАХРАМОНИ АДАБИ, иштироккунандаи асосии вокеахои асари бадеист, ки дар инкишофи вокеахо, хати сюжет таъсир дошта, хулчу хислаташ хартарафа тасвир мешавад. Баробари К. а. мафхумхои персонаж, характер, тип ва образи бадеиро истифода мебаранд, вале бештар зимни К. а. шахсоне дар назар дошта мешаванд, ки хислатхои ботинию зохири, мубориза ва максаду мароми онхо бо идеали муаллиф (кахрамони мусбат) мувофикат менамояд. Мафхуми К. а. аз зинахои нахустини тасвири образи инсон дар адабиёт, аз хамоса (эпос)-и милли ибтидо мегирад. Дар ин гуна асархо иштироккунандаи асосии асар шахси пахлавончуссаю кавиирода аст. Дигар иштироккунандагони асар нисбат ба кахрамони асоси макоми пасттар доранд ва дар корнамоихо уро ёри мекунанд. Бо мурури замон мафхуми К. а. тахаввулро аз cap гузаронид. Дар адабиёти давраи нав онро нисбат ба чандин иштироккунандаи асари адаби истифода кардан мумкин аст. Дар адабиёти советии точик кахрамонони нави адабие тасвир ёфтаанд, ки тачассуми инсони мубориз бахри озоди, сохтмони социализм ва коммунизм мебошанд.

shohnoma

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …