ҚАҲРАМОНИ АДАБӢ, иштироккунандаи асосии воқеаҳои асари бадеист, ки дар инкишофи воқеаҳо, хати сюжет таъсир дошта, хулчу хислаташ ҳартарафа тасвир мешавад. Баробари Қ. а. мафҳумҳои персонаж, характер, тип ва образи бадеиро истифода мебаранд, вале бештар зимни Қ. а. шахсоне дар назар дошта мешаванд, ки хислатҳои ботинию зоҳирӣ, мубориза ва мақсаду мароми онҳо бо идеали муаллиф (қаҳрамони мусбат) мувофиқат менамояд. Мафҳуми Қ. а. аз зинаҳои нахустини тасвири образи инсон дар адабиёт, аз ҳамоса (эпос)-и миллӣ ибтидо мегирад. Дар ин гуна асарҳо иштироккунандаи асосии асар шахси паҳлавонҷуссаю қавиирода аст. Дигар иштироккунандагони асар нисбат ба қаҳрамони асосӣ мақоми пасттар доранд ва дар корнамоиҳо уро ёрӣ мекунанд. Бо мурури замон мафҳуми Қ. а. таҳаввулро аз cap гузаронид. Дар адабиёти давраи нав онро нисбат ба чандин иштироккунандаи асари адабӣ истифода кардан мумкин аст. Дар адабиёти советии тоҷик қаҳрамонони нави адабие тасвир ёфтаанд, ки таҷассуми инсони мубориз баҳри озодӣ, сохтмони социализм ва коммунизм мебошанд.
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …