ХУШГУ Биндробан Дос (с.тав. номаълум, Хиндустон-ваф. 1757, ш. Патнаи Бихор), шоир ва тазкиранависи форсизабони Хиндустон. Дар чавони дар дарбор хидмат кардааст. Пас аз 40-солаги тарки хидмат карда, ба кори эчоди машгул шудааст. Xушгу бо Бедил ва диг. шоирони маъруфи муосираш робитаи дусти ва эчоди доштааст. Дар шеър ба тозагуи ва маънихои бикр майл доштааст ва шеършиноси хубе хам будааст. Хушгуро шоири сохибдевон гуфтаанд. У хамчунин бо номи «Малфузоти Бедил» рисолаи ёддоштие навишта,, дар асоси нусхахои аслии мактубхои чанде аз шоирони муосираш баёзи мураккабе тартиб додааст. Маъруфтарин асари у тазкираи «Сафинаи Хушгу» мебошад.
В. Рахимов.