Маълумоти охирин

ХУРФА

 

ХУРФА, хулфа, чавлигуштак, чавлонгуштак, вашфанг, синчоб, хафрач, пар­нахн, фарфах, фарфина, бак­лаи Зухро, бак­лаи Тохир (Роrtulaca aleracea), гиё­хи яксолаест аз оилаи хулфаихо. 10—35 см кад мекашад. Баргаш байзашакл ё белчашакл (дарозиаш 0,8—3 см, бараш 0,5—1 см), сергушт, сероб. Гулаш майда, зард; охири мохи май ба шукуфтан cap ме­кунад ва аз июн то охирхои тирамох тухм мебандад. Гузааш мудаввар ё байзашакл, тухмаш гурдашакли дорчини.

xurfa

Хурфаи худруй дар СССР (Закавказия, Кисми европои, Шарки Дур ва Осиёи Миёна) фаровон аст. Дар Точикистон Xурфа чун алафи бегона дар пахтазор, полиз, алафзор, бог ва гайра месабзад. Дар чойхои регзори сохили дарё, наздики истикоматгоххо ва замини партов низ ниму мекунад.

Xурфа чун гиёхи гизои аз кадим маълум аст. Махсусан Xурфа сабзавоти писандидаи кавказихо хисоб меёбад. Онро чун хуриш, бирён карда, очоронида ва ба таом андохта, фаровон истеъмол мекунанд. Хусусиятхои шифобахши Xурфа ба Букрот (Гиппок­рат), Плиний, Чолинус (Гален), Абурайхони Беруни ва Абуалии Сино маълум буданд. Дар тибби Шарк махсусан тухми Xурфа чун доруи сурфа (сулфа) машхур аст. Шоири асри 10 Тайёни Марвази гуфтааст:

Касеро, к-у ту бини дарди сурфа,

Бифармояш ту оби дугу хурфа.

Бо гуфти Чолинус тухми Xурфа хусусияти исхоловари низ дорад. Сино афшураи Хурфаро доруи сертаъсир хисобидааст. Онро барои табобати илтихоби меъда, заъфи чигар ва ба­рои рафъи хунпартои тавсия медод. Xурфа барои захми пешобдон ва заъфи гурда низ муфид аст. Хунравиро боз медорад. Баргу пояи бирён шудаи Xурфа исхолро мебандад.

Xурфа дар тибби халки низ хеле маъмул аст. Баргу пояи навраси онро ба хуроки бемороне, ки ба раъфи пешобдон, гурда ва чигар гирифторанд, илова мекунанд. Аммо ба шахсоне, ки гирифтори галаёни хун (гипертония) хастанд, фаровон истеъмол кардани Xурфа зарар дорад. Тачрибаи дорушиносон нишон дод, ки накеъ ва чушоби баргу пояи Xурфа рагхои хунгардро танг намуда, хунро ба галаён меоранд. Табибон ба шахсони гирифтори диабет хам Хурфаро тавсия медиханд. Санчиш нишон дод, ки накеи Xурфа канди таркиби хунро кам мекунад, аз ин ру, истифодаи баргу пояи он дар давраи огози диабет муфид аст. Хурфаро доруи киччарон мехисобанд. Бо он дарди чашмро низ табобат мекунанд. Мархамашро ба чои газидаи каждум ва занбур мебанданд. Озарбойчонихо бо баргу пояи Xурфа касалихои гадуди сипаршаклро табобат менамоянд.

Дар тибби хозира чушоби тухми Хурфаро хангоми исхол ва чушоби бар­гу пояашро чун доруи зиддиилтихоби ва шошарон истифода мебаранд. Xурфа барои табобати зангила (синга) низ хуб аст.

Xурфа гиёхи сервитамин аст. Баргу  пояаш 180—300 мг% витамини С,  11,6% витамини Е, 0.29 мг/г каротин (провитамини А), 33% моддахои нит­рогендор (асосан сафеда), 6% рав­ган, кислотахои органики, гликозидхо, намакхои минерали ва гайра дорад.

Ад.: Флора Таджикской ССР. т. 3, Л.. 1968; Скляревский Л. Я.. Це­лебные свойства пищевых растений. М., 1972.                   М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …