Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХУЛАФОИ РОШИДИН

ХУЛАФОИ РОШИДИН

xulafoi-roshiddin

ХУЛАФОИ РОШИДИН (халифахои росткор) (632—661), давраи хукмронии чор халифа (Абубакр, Умар, Усмон, Хайдар (Али)-ро ки бо Мухаммад хешии авлоди ё оилави доштанд, дар бар мегирад. Баъди марги Мухаммад (с. 632) ва ба сари хилофат омадани Абубакр бисёр аз кабилахои араб, ки исломро кабул карда буданд, аз у руй гардонданд. Дар натичаи чангхои тулони ба Абубакр муяссар гардид, ки хамаи кабилахои арабро дар нимчаз. Арабистон аз нав ба тасарруфи худ дароварад. Баъди марги Абубакр кабилахои арабро Умар ба забти Сурия, Фаластин, Миср, Ирок ва Эрон равона кард. Дар ахди Умар девони маоши аскархо, девони маоши шахсони давлати таъсис ёфта, солшумории хичри (аз рузи хичрати Мухаммад аз Макка ба Мадина — с. 622) чори карда шуд. Баъди кушта шудани Умар хилофат ба Усмон расид.  Азбаски Усмон аз мансаби худ суйистифода мекард (гирифтани маблагхои калон аз хазинаи хилофат барои худ аз хешовандонш, ба мансабхои баланд пешбари нашудани хешу акрабояш ва г.), мардум ошуб бардошта, уро ба катл расониданд. Али ба хилофат расида, хост Сурияро, ки дар он чо Муовия хукмрон буд, ба даст дарорад, вале ин ба у муяссар нагардид. Хайдар ба Куфа кучида, хост бо мадади арабхои Ирок Муовияро шикаст дихад, аммо у дар чанг бартари пайдо карда натавонист. Хасан (писари Али) баъди марги падар кушиш кард чои уро бигирад вале Муовия уро ба василаи пулу мол аз ин икдом боздошт. Дар ахди Xулафои рошидин арабхо забткорихои зиёде карданд.

Г. Гоиб

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …