Маълумоти охирин

ХОРЕЯ

xoreya

ХОРЕЯ (аз юн. choreia — ракс), харакатхои номувофик, гайриихтиёри ларзидани дасту пой ва г.-ро гуянд. Як навъи гиперкинезия (харакати барзиёд). Хангоми иллатёбии органикии баъзе кисмхои тахтикишрии магзи cap пайдо мешавад. Хореяи хурд (ё Хореяи Сиденхем) бештар дар кудакон ва наврасон чун зухури тарбод инкишоф меёбад. Хореяи дер ё Хореяи Хантингтон бештар дар синни 35—40 солаги пайдо шуда, музмин мегузарад.

Муоличаи Хореяи хурд: истеъмоли дорухои зидди тарбод (салицилатхо ва г.), дорухои оромибахш ва зиддиаллерги (димедрол, супрастин ва г.) Хангоми Хореяи деру музмин истеъмоли аминазин, резерпин ва хангоми баландшавии тонуси мушакхо истеъмоли дорухои холинолити (циклодол ва г.), мидантан.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …