Маълумоти охирин

ХОНА

 

xona

ХОНА, истикоматгох, манзил, маконест, ки одамон дар он хаёт ба cap мебаранд. Xона бо мурури замон аз гор, заминкан, чайла, камар то ба бинохои серошёнаи хозиразамон расид. Намудхои Xона ба шароити табиию географи, хусусияти муносибатхои  ичтимоии чамъият, иктисодиёт, дарачаи хаёти моддию маънави, анъанахои миллии одамон вобастаанд.

Дар асри санг одамони чамоаи  ибтидои гор, камар, заминкан, чайларо ба сифати истикоматгох истифода мебурдаанд. Баробари ба хаёти мукими гузаштани одамон намудхои Xона низ тагйир ёфтанд. Аз давраи неолит cap карда одамон аз санг, лой, хишти хом, чуб манзил месохтаги шудаанд.

Дар Осиёи Миёна, аз чумла худуди имрузаи Точикистон аз даврахои кадим нахустин иморатхо — бинохои калони якхонгии чамъияти ё якчанд бинохо буданд, ки дар атрофи як хавли чой доштанд. Шакли ха­маи бинохо гирда ва дар мобайн хатман оташдоне буд. Намунаи ин гуна бнно Хонаи чубкории козашакли маданияти Калтамапор (дар Турк­манистон, хазораи 4 то м.) буд, ки кариб 300 м2 вусъат дошт ва дар он зиёда аз 100 кас зиндаги мекард. Дар миёначои он оташдони асоси ва дар атрофаш оташдонхои хурдтари хар оила чой доштанд. Дертар аз хишти хом бинохои икомати бунёд мекардаги шуданд. Девори даруни онхоро бо рангхои сурх, сиху зард зи­нат дода, бар он накшхои хандаси сабт менамуданд.

Хаёти мукимии зироаткорон ба сохти манзил таъсир расонд. Азбаски гили зард фаровон буд, масолехи асосии бинокори хишти хому похса гардид.

Хонаи намуди кадимтарин аз як хучраи росткунча иборат буд. Дари даромад дар як кунчи девори пеш чойгир мешуд. Равшани аз сурохии болои дар (равзаи) вориди хучра мегардид. Дар кисми поёнии он дахлез буд. Дар дахлез обрез, оташдон ва мури чойгир мешуданд. Дар мобайни девори бари пешках барои сандуку курпахо тахмон месохтанд. Дертар тархи Xона тагйир ёфт. Акнун хучрахо аз дахлез бо девори махсус чудо мекарданд. Хонахо бо кандакории руи чуб, гач, наккоши оро до­да мешуданд.

Дар ох. а. 19— авв. а. 20 асосан ду хели Xона— манзили точикони водинишин ва точикони кухистон вучуд доштаанд. Онхо аз руи сохташон фарк мекарданд. Хавлии точикони кисми гарбии Фаргона, Уротеппа, Самарканд, Бухоро асосан аз ду кисм — берун ва дарун иборат буд. Дар хавлии берун дарвозахона, мехмонхона дукон чой мегирифт. Одатан девори бинохоро дар болои тахкурсии сангию тахсинч аз  хишту похса мебардоштанд. Дар як катор махалхо барои мустахкам шудани иморат дар катаби девор синч мегузоштанд. Аз болои девор пешу акиб болосинч партофта сипас болорхоро кундаланг мехобониданд. Микдори болорхо маъмулан ток (хафтболори, нухболори) мешуд. Баъд васса чи­да болояшро бо бурёю алаф ё най пушонида лои гафс (гуруба) мехобониданд. Сипас бо кохгил андова менамуданд.

Хонахои точикони водии Хисор ва Кулоб аз Хонахои точикони нохияхои шимоли Точикистон каме фарк мекарданд. Онхо ду хел буданд: бинои духучрагии дар мобайн долондор ва оддии якхучрадор. Хар дуи онхо пешайвон доштанд. Деворро аксаран аз похса мебардоштанд. Дар мобайни хучра чахдон буд, ки дар он оташ меафрухтанд. Дуд аз су­рохии сакфи хона (мури) берун мерафт.

Дар кухистони Точикистон се намуди Xона маъмул буд. Намуди аввал дар болооби дарёи Зарафшон дучор меомад. Дар кисми болооби Зарафшон Хонахои якхучрадор, дар поёноб истикоматгохи духучраги ва бисьёрхучрагии дар мобайнаш айвондор ривоч ёфтаанд. Бисёрии Хонахо мехмонхона доштанд. Сутуну дари он­хо кандакори мешудаанд. Намуди дуюми Xона дар худуди Каротегину Вахиё дучор меояд. Xона дар ин чо мураббаъшакл буда, дар мобайнаш аз дарун барои нигох доштани бом сутун дошт. Кариб тамоми фарши хучраро  ба чуз масохати хурди назди дар такр. 1 м баланд бардошта бо гил меандохтанд, ки онро дукон мегуфтанд. Дар лаби дукон оташдон месохтанд. Дуд аз дар ё сурохии сакф (рузан) берун мерафт.

Намуди сеюми Xона дар кухистони Бадахшон пахн шуда буд. Хонахои ин чо аз се кисм —чанд (хучра), дарундализд (дахлез) ва пехвоз (ай­вон) иборат буд. Ба сабаби сахтии иклим хар се кисми Xона ба як бом пушида мешуд, ки дар натича вусъати он то ба 100 м2 мерасид. Боми чид ба панч сутуни мустахкам такя мекард. Гирдогирди чид суфа бар­дошта, пеши онхоро андак чукур мемонданд, ки он пойгах мешуд. Дар як тарафи чид кицор месох­танд ва онро чун оташдону танур истифода ме бурданд. Боми чид ав­вал то ду тир, ки синчи сакф буд, пушида шуда болои тирро бо си­похч (болорхо) мебастанд, болои сипохч каландак (васса) мегузоштанд. Болои сипохч палоч (гули кимич) рехта, баъд онро бо хок ё гилмола мустахкам мекарданд. Дар мобайни сакфи чид рузан мемонданд.

Дар солхои Хокимиятн Совети маданияти модди, аз чумла Хонахои точикон тагйир ёфт. Холо чои бинохои тангу тираро иморатхои дорои дару тирезаи замонави, фаршу шифти тахтагини бомаш шиферпуш гирифтаанд. Дар работхои маркази ва махаллии колхозхою совхозхо бинохои замонавии як ё якчанд ошёнадор бунёд мегарданд.

Ад.: Народы Сродней Азии и Казах­стана. т. 1. М., 1962; Таджики Карате- гина и Царваза, в. 11, Д., 1970.

Я. Турсупоо.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …