Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОЧУИ КИРМОНИ

ХОЧУИ КИРМОНИ

ХОЧУИ КИРМОНИ -Абулато Камолуддин Махмуд ибни Али (1290, Кирмон —1354, Шероз), шоири форс-точик. Дар таърихи адабиёти форс-точик ин шоир баъди Хусрави Дехлави дувумин шахсест, ки анъанаи Низоми Ганчавиро давом дода, достонхои ишкию ахлоки сурудааст. У сохиби шаш маснавист, ки панчтояш бо номи «Хамсаи Хочу» ёд шудааст. Маснавии аввали худ «Хумой ва Хумоюн »-ро (дар бахри мутакориб) с. 1332 дар Багдод ба поён расонидааст. Он аз ишки пурмочарои Хумой Замини Ховари — писари шох Хушанг ва Хумоюн — духтари фагфури Чин ривоят мекунад. Маснавии дуюмаш баъди дах соли достони якум бо номи «Гулу Навруз» (дар бахри хазач) дар пайравии «Хусрав ва ширин»-и Низомии Ганчави таълиф шудааст. Дар он киссаи ишки пуршури Навруз — писари шох Фирузи хуросони ва Гул — духтари кайсари Рум тасвир шудааст. Маснавии сеюмаш «Равзан-ул-анвор» (соли таълиф номаълум; дар бахри сареъ) дар пайравии «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганчави таълиф шудааст. Маснавии чахорумаш «Камолнома» (1343; дар бахри хафиф) яке аз аввалин ва бехтарин татаббуъхои «Бустон»-и Саъди Шерозист; маснавии панчумаш «Гухарнома» (ё «Гавхарнома», 1344; дар бахри хазач) ва достони охирин «Сомнома» (дар вазни мутакориб) ном доранд. Кадимтарин нусхаи дастнависи девони Xочуи Кирмони с. 1349 китобат шудааст. Девони у аз ду хисса — «Саноеъ-ул-камол» ва «Бадоеъ-ул-чамол» иборат мебошад. Хиссаи якум калонтар буда, касоид, китаот, таркибот, тарчеот, газалиёт ва ду маснави — «Хумою Хумоюн» ва «Гулу Навруз»-ро дар бар гирифтааст. Дар кисми дуюм касоиди мадхи, таркибот, «Шавкиёт» ном дафтари газалиёт ва рубоиёти у чой доранд. Кисми зиёди девони шоир аз касида фарохам омадааст. Газалиёташ бо номхои «Сафариёт» ва «Хазариёт» дар хар ду кисми девон чамъ омадаанд. Xочу Кирмони устоди газа л эътироф гардидааст. Латофату таровати газали у ба дарачаест, ки Хофизи Шерози гуфтааст:

Устоди сухан Саъдист назди хама кас, аммо,

Дорад газали Хофиз тарзи сухани Хочу.

Xочуи Кимони ба газалиёти Санои, Шайх Аттор, Чалолуддини Руми пайрави намуда, то андозае ба шеваи Саъдии Шерози наздик омадааст. Дар девони Xочуи КИрмони 432 рубои мавчуд аст, ки дар тавсифи маъшука, мавзуъхои фалсафи, шикоят аз замона, танкиди зохидон ва г. суруда шудаанд.

Ад.: Адабиёти форсу точик дар асрхои XII—XIV, к. 2, Д.. 1983. К. Айни:

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.