Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХИЗОНАИ АМУДАРЁ

ХИЗОНАИ АМУДАРЁ

ХИЗОНАИ АМУДАРЁ, хизонаест иборат аз 1300 сикка ва 176 ашёи тиллою нукра. Соли 1877 аз тарафи ахолии махалли дар чои резишгохи дарёи Кофарнихон ба Аму, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст. Кашшофони Xизонаи Амударё тамоми ашёи хазинаро ба точирони бухорои Возиуддин, Гуломмухаммад ва Шукурали фурухтанд. Хангоми ба Хиндустон бурдани хазина дар рох точиронро рохзанон горат карданд. Як кисми ашёхои хизона ба туфайли шучоати аскарони сархадии англис (бо рохбарии Ф. Бартон) начот дода шуд. Кисми дигари онро англисхо аз бозорхои Равалпинди хариданд ва тамоми Xизонаи Амударё ба Музеи Британия супорида шуд, ки то хол дар он чо махфуз аст. Xизонаи Амударёро дар давоми 100 сол аз худуди Британия набаровардаанд. Нахустин бор соли 1979 дар Москва, Ленинград ва Киев намоиш дода шуд. Сиккаи навтарини Xизонаи Амударё ба соли 200 то мелод мансуб аст. Дигар ашёи тиллоию нукраги, ба мисли зуруф, хайкалчахо, дастпонахо, медалонхо ва геммахо (чавохири хаккокишуда) ба асрхои 4—2 то мелоди тааллук доранд. Дар осори Xизонаи Амударё анъанахои санъати даврони Хахоманишиён, санъати махаллии юнонии бохтари ва санъати ба истилох «услуби хайвонот»-и скифи, ки ба олами бодиянишинон, аз чумла бодиянишинони даштхои Осиёи Миёна вобаста аст, инъикос ёфтаанд.
Дар байни бозёфтхои Xизонаи Амударё адади тавкхои тиллоии гардан ва дастпонахои печон, ки нугхояшон ба шакли сари хайвонхои дарранда, мор, парранда, охую гизолон ва гайра сохта шудаанд, зиёд аст. Ду нуги як чуфт дастпонаи печон ба шакли сари хайвони дарранда, ки шояд шери болдор бошад, сохта шудаанд. Заркуби гилофи ханчар дар ду пахлуи кисми болой барчастагихои кимдоира дорад. Руи гилоф бо тасвири барчастаи сахнаи шикор оро ёфтааст. Шерхо, шикорчиёни савора, аспхо, паррандахо, морон ва гайра бо махорати баланд тасвир шудаанд. Гилоф дар охири асри 7— миёнаи асри 6 то мелод сохта Шудааст.
Дар Xизонаи Амударё якчанд модели аробахои дучарха хастанд, ки яке аз онхо кариб пурра боки мондааст. Аробаро чахор асп мекашад. Аробакаш рост истода, савораи у нишастааст. Дар руи девораи пеши ароба сари худо тасвир ёфтааст. Хар як чарх нух парра дорад. Персонажи асоси дар тан либоси моди ва дар гардан аз сими тилло тавк дорад. Аробакаш низ дорои чунин тавки гардан мебошад, аммо либоси у аз тунукаи кутох иборат аст. Аз шонздах пои аспхо танхо нухтоаш боки мондааст.
Мучассамаи рехтаю хаккокишудаи нукрагии чавони барахна, ки рост истода, дастонашро аз оринч кат карда, ба пеш дароз кардааст, чолиби диккат аст. Дар муштхои чавон сурохихо хастанд, ки дар онхо шояд гул чой гирифта бошанд. Дар сар тиара (кулохи конусшакли баланди тиллон) дорад. Сурохии гушаш намоён аст. Сарашро чудогона рехтаанд. Шояд ин мучассама тасвири эллинистии худои шаркиён Мехр (Митра), яъне Аполлон бошад. 53 адад лавхахои росткунчаи тиллои, ба даст омаданд, ки дар руи хар яке асосан чуссаи мардхо аз пахлу тасвир шудаанд. Дар дасти хамаи онхо якдастаги навда хаст, аксари онхо либоси моди дар бар кардаанд, баъзехо дар камар акинак доранд. Дар як лавха чуссаи зан хеле ноухдабароёна тасвир карда шудааст, дар ду лавха уштурро тасвир кардаанд. Xизонаи Амударё аз дарачаи баланди тараккиёти маданияти ачдоди халки точик шаходат медихад.
У. Пулодов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.