Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ РАДИАСИОНИ

ХИМИЯИ РАДИАСИОНИ

ХИМИЯИ РАДИАСИОНИ, як фасли химияро гуянд, ки табаддулоти химиявии аз таъсири афканишоти ионизонанда ба вучуд ояндаро меомузад. Кобилияти реакцияхои химиявиро ба амал овардани афканишоти ионизонанда баъди кашфи радиоактивият ошкор гардид. Xимияи радиасиони соли 1896 пайдо шуда бошад хам, чун сохаи мустакили илм солхои 40 асри 20 дар натичаи ба вучуд омадани реакторхои ядрои ва истехсоли саноатии алементхои таксимшаванда (плутоний ва гайра) таракки кард. Баробари инкишофи ин сохаи техника зарурати омузиши радиолизи об, ба махлул мубаддал шудани моддахои радиоактив, тагйироти масолехи гуногунн дар техникаи атоми истифодашаванда, реаксияи газхо (чузъхои хаво—ЭДО, СО) ва гайра ба миён амад.

ximiyai-organiki
Вазифахои Xимияи радиасиони чунинанд: тадкики таъсири афканишоти ионизоснанда ба таркибу хосияти масолехи гуногун; коркарди усулхои аа вайроншави нигох доштани онхо; истифодаи афканишоти ионизонанда дар технологияи химияви (барои синтези радиасиони-химиявии пайвастхои оргалики ва гайра). Тараккиёти Xимияи радиасиони ба сохахои гуногуни илм ва техника (физикаи атоми, энергетикаи атоми, тадкикоти кайхон ва гайра) алокаманд аст. Як катор масъалахои асосии назарияви ва амалии Xимияи радиасиониро олимони совети кор кардаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …