Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАЛТАДОРХО

ХАЛТАДОРХО

ХАЛТАДОРХО (Меtatheria), як навъ хайвоноти ширхури нисбатан соддаро гуянд. Халтадорхо бино бо таснифоти зоологи ба катори мухрадорхо мансубанд. 9 оилаашон маълум аст: опоссумхо, халтадорхои дарранда, мурчахурхои халтадор, кашкалдокхои халтадор, курмушхои халтадор, оппоссумхои калламушшакл, поссумхо, вомбатхо ва кенгуруихо ё халтадорхои чаханда. Опоссумхо (Didelfidae) дар бешазори Америкаи Шимоли ва Америкаи Чануби зиндаги мекунанд. Дарозии танашон 8—50 см, думашон 9— 53 см. Барои гушт шикор мекунанд. Халтадорхои дарранда (Dasuiridae) дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав ва чазирахои ба онхо наздик маскунанд. Дарозиашон аз 8 то 130 см. Мурчахурхои халтадор як намуд дорад — Муrmecobius fasciatus. Дарозии танаш 17—27 см, думаш 13—17 cм. Рангаш хокистарии сиёхтоб, тахтапушташ раххои кундаланги сафед дорад. Дар Австралигяи Гарби ва Чанубу Гарби пахн шудааст. Хурокаш асосан термитхост.

xaltadorho
Кашкалдоки халтадор ё бандикутхо (Реramelidae) дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав ва чазирахои ба онхо наздик зиндаги мекунанд. Дарозии баданашон 17—50 см, думашон 9—26 см, вазнашон то 4,7 кг. Курмушхои халтадор (Notorustidae) дар Австралия Чануби Маркази ва Гарби пахн шудаанд. Дарозии танашон 15—18 см, думашон 1—2 см. Рангашон сафед ва сурхи зардча. Опоссумхои калламушшакл (Саеnolectidae) дар гарби Америкаи Чануби зиндаги мекунанд. Зохиран ба калламуш монанд буда, дарозии танашон 9—14 см, думашон 6—13 см аст.
Гизояшон чонварони бемухра мебошад. Поссумхо (Рhalangerdiae) дар бешазори Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав, галачазирахои Малай, Бисмарк, чазирахои Соломон маскунанд. Дарозиашон 12—120 см. Бештар чои зисташон дарахт аст. Хурокашон асосан растани мебошад. Вомбатхо (Bombatidae) дарозиашон кариб 1 м. Гурух шуда дар зери замин (бештар дар бешазор) зиндаги мекунанд. Гизояшон наботот аст. 2 чинс доранд, ки дар Австралия ва Тасмания пахн шудаанд. Кенгуруихо (Масгороtidae), дарозии танашон аз 23 см то
1,6 м, думашон аз 13 см то 1,1 м. Пои кафояшон ннсбат ба нои пеш дароз ва бокувват аст. Дар Австралия, Тасмания, Гвинеяи Нав, галачазираи Бисмарк ва гайра зиндати мекунанд.
Халтадорхо зохиран гуногунанд. Думи аксарашон нагз инкишоф ёфтааст. Пашми халтадорхо зичи мулоим, одатан якранга ва баъзан холдор ё рах-рах мебошанд. Шакл ва дарачаи инкишофи халтаи бисёр намудхои халтадорхои модина гуногуд аст. Халта ба пеш (кенгуру, вомбатхо ва гайра) ё акиб (кашкалдоки халтадор, баъзе халтадорхои дарранда) кушода мешавад; дар дохили халта 2—6 пистон хаст. Аксар халтадорхо тез харакат мекунанд. Xалтадорхое, ки дар чойхои кушод зиндаги мекунанд, чахида-чахида (баъзан то 55 м) рох мераванд. Хамлашон 8—40 шаборуз. Бачахои инкишофнаёфта (дарозиашон 0,5—3 см) мезоянд, ки баробари таваллуд ба халта даромада, то 8 мох меистанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …