Маълумоти охирин

ГOЯ

idea

ГOЯ (аз ap. — нихоят, интихо, охир, анчом), 1) шакли дар фикр инъикос ёфтани падидаю ходисахои реалии объективиро гуянд. Он вокеиятро дарк намуда, дигаргунсозии амалии оламро максади асосии худ карор медихад. Файласуфони атика аввалин шуда мафхуми Г.-po ба миён гузоштанд. Дар замони нав чихати назарию маърифатии Г. ба мадди назар гузошта шуд. Дар фалсафаи классикии немис Г. хакикати объективи ва мувофикати объекту субъекти дониста мешуд, ки бо он тамоми чараёни инкишоф ба итмом мерасид. Дар фалсафаи марксисти Г. шакли махсуси инъикоси вокеият пиндошта мешавад. Г.-хои иртичои вокеиятро тахриф намуда, ба инкишофи чамъият халал мерасонанд ва баръакс, Г.-хои пешкадам хамчун ифодакунандаи манфиатхои синфхои революциони ба прогресси чамъият мусоидат мекунанд. 2) Дар фалсафаи классики ба маънои сабаби охирини пайдоиши ашьё истифода мешавад- 3) Дар адабиёт фикри асосии ва хулосаи асари бадеиро ифода мекунад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …