Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФУЗАРИОЗИ ПАХТА,

ФУЗАРИОЗИ ПАХТА,

ФУЗАРИОЗИ ПАХТА, як навъ касалии нихоли пахтаро гуянд, ки занбуруги чинси Гusarium ба вучуд меоварад. Дар СССР ин касалиро бори аввал дар нихоли пахтаи махиниахи раёни Хучанд (1938), баъд Кургонтеппаи Точикистон ва вилояти Сурхандарёи Узбекистон (1940) ошкор кардаанд. Он вактхо аксари навъхои пахтаи (махиннах (35—1,23, 2ИЗ ва гайра) ба ин касали тобовар набудаанд. Соли 1965 хочагихои пахтакор навъхои ба касали тобовари пахта (5595-В, 6465-В, 624943 ва гайра)-ро киштанд ва тадбирхои самарабахши агротехникиву мухофизати андешиданд; дар натича касали 2,5—3 маротиба кам шуд. Алхол пахтазори факат баъзе «хочагигхо (раёнхои Шахртуз, Колхозобод, Вахш ва Хучанд) ба фузариоз гирифтор мегардад.

paxta

Бахори баъзе солхо аз фузариоз кариб 50—60%-и нихолхои пахта нобуд мешаванд. Агар касали дар давраи шонабандии нихолхо сар занад, он гох 20—25%-и нихолхо талаф мешаванд; рушду инкишофи нихолхои касал суст шуда, онхо хамаги 2—3 гузаи норас мебанданд. Агар фузариози пахта дар давраи гул ва дертар пайдо шавад, он гох нихол хушк мешавад, шона, гул ва гурак мерезад, курак хом ва нимкушод мемонад. Кураки нихолхои касал андаряк 36,7—5°1,8% кам ва вазни нахи як гуза аз 14,7% то 34у2% сабук мешавад.
Ангезандаи фузариози пахта шакли махсуси занбуруги Гusarium охуsporum f. fasinfectum буда, дар хок месабзад. Занбуруг аз замин ба бофтахои растани медарояд. Махсули мубодилаи моддахое, ки решаи занбуруг чудо мекунад, дар растани гун шуда, тавассути об ба бофтахо дохил мешавад ва ба касали мусоидат мекунад. Хангоми аз занбуругхои Гusarium осеб дидани гуза пуст ва пунбаи он мепусад. Дар пуст ва нахи гуза моддахои дурушти сафед, гулоби ва сурхи муммонанд хосил мешавад. Аз руи ин моддахои муммонанд фузариозро аз пусиши гулоби (гард хосил мешавад) фарк мекунанд. Бисёр намудхои Гusarium (алалхусус занбурурхои Г. Udum Г. еn охуsporum ва гайра) ангезандаи фуаариози гузаанд.
Адабиёт: Головин Л. Н., Болезни хлопчатника, Ташкент, 1953; (Менликиев М. Я., Фузариознос увядание хлопчатника, Душанбе, 1976.М. Я. Менликиев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …