Маълумоти охирин

ФУНДУК

ФУНДУК, финдик, фивдук, бундук, ритта, чавзи чангали, курси чангали (Соrуlus аvеllаnа), як навъ буттаи мевадорест (аз оилаи фундукихо), донаи гирдаи майдаест аз чинси чавз, ки пучокаш сахти сурхтоб буда, магзашро мехуранд. Дарахти фундук 3—9 м кад мекашад. Дар чангалзори пахнбарг ва бешаи омехта месабзад. Чунин мехисобиданд, ки фундуки худруй дар Точикистон бархам хурдааст. Ба наздики (1977—78) фундуки худруйро дар ду махалли хавзаи дарёи Ёс (сохили рости Кофарнихон) — наздики дехаи Ёс (1350 м аз сатхи бахр) ва сохили рости дарёи Ёс (байни дехаи Ёси Поён ва Ёси Боло; 1440 м аз сатхи бахр) дарёфт намуданд.

funduk

Дар ин чойхо фундук асосан бо иргай, дулона, бодом, татум, фарк, олуча ва гайра хамрох месабзад.
Фундук буттаи сояпарвард аст, дар чои кушод нашъунамо намекунад. Онро аз тухм, каламча, бехчаст ва фаргун зиёд мекунанд. Баъди 4—5 сол ба хосил медарояд. Фундуки мазруъ то 150—180 сол умр мебинад.
Фундук аз кадим маъмул аст. Онро ба монанди челон, чормагз, бодом ва гйра фаровон парварнш мекарданд. Чунон ки дар «Таърихи Наршахи» кайд шудааст, «…дар ин чахорбогхо мевахои алвон фаровон — аз ношпоти ва бодом ва фундук ва гелос ва унноб». Магзи фундукро, ки хеле сергизост, тару хушк ё зирбонда истеъмол мекунанд; он 56—71% равган, 14—48% сафеда, 3,5% канд, 3— 8% ангиштоб, витаминхои гурухи В ва Е -ва намаки охан дорад. Дар канноди (масалан, халвопази ва гайра) низ хеле зарур аст. Аз он равгани хурданбоби хушхазм мекашанд; барои тайёр кардани собун, шамъ, рангу лок ва гайра низ истифода мебаранд. Магзи фундукро куфта, бо об хамрох карда «шир» ё «каймок» тайёр менамоянд, ки хуроки хушхазми пархезист.
Оид ба хусусиятхои шифоии фундук дар асархои Дискуридус (Диоскорид), Чолинус (Гален), Абуханифаи Диновари, Закариёи Рози, Абурайхони Беруни, Абуалии Сино ва дигарон маълумот хаст. Масалан, Сино бо фундук шакика (мигрен), дарди сар, сарчархи, фалачи асаби руй, молихулиё ва г-ро табобат мекард. Бехи фундукро барои муоличаи зикки нафас, сулфаи кухан, хунпартои, зотулчанб (плеврит) тавсия медод. У магзи фундукро подзахри гунда ва каждум мехисобид. Фундукро дар Боги ботаникии институти ботаникаи Академияи Фанхои РСС Точикистон аз соли 1934 ин чониб мепарваранд. Дар ин бог то 4—4,5 м кад мекашад, гулу мева мекунад.
Адабиёт: Флора Таджикской ССР. том 3, Л., 1968; Султанов С.. Новое местонахождение лещины обыкновенной в Таджикистане. «Изв. Академии Наук Таджикской ССР» Отдел биологический наук. 1979, № 3(76). М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …