Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич

ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич

fedoceev-pn

ФЕДОСЕЕВ Пётр Николаевич (таваллуд 22. 8. 1908, Старинское, холо раёни Пилнини вилояти Горкий), файласуф ва ходими чамъиятии совети, академики Академияи Фанхои СССР (1960; аъзо-коррспондент 1946). Аъзои КПСС аз соли 1939. Институти давлатии педагогии Горкийро (1930) хатм кардааст. Солхои 1936—41 ходими илмии Институти Фалсафаи Академияи Фанхои СССР. 1941—55 дар аппарати Комитети Марказии КПСС кор мекард. Солхои 1955— 62 директори Институти фалсафаи Академияи Фанхои СССР. Солхои 1962—67 ва аэ 1971 ноиби президенти Академияи Фанхои СССР. 1967—73 директори Институти марксизм-ленинизм дар назди Комитети Марказии КПСС. Асархои асосиаш ба масъалахои материализми таърихи, коммунизми илми, атеизми илми, танкиди фалсафа ва сосиологияи буржуази оиданд. Аъзои Комитети Марказии КПСС аз соли 1961. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 6—11). Бо ду ордени Ленин, 4 ордени дигар, инчунин медалхо мукофотонида шудааст.
Асархо: Как возникло человеческое обшество, Москва. 1934; Рол народних масс и личности в истории, Москва. 1956: Сосиализм и гуманизм, Москва 1958; Марксизм и волюнтаризм, М„ 1968; В. И. Ленин и вопроси теории искусства, Москва 1968; Коммунизм и философия, Москва 1971; Марксизм в 20 в. Москва 1972; Диалектика современной эпохи, Москва 1975.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.