Маълумоти охирин

ФАРХАТ

ФАРХАТ (тахаллус; фамилия ва номаш Хасанов Мухиддин; 7. 8. 1924, Хучанд —30. 5. 1984, Душанбе), шоири советии точик. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941 —45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Солхои 1953—54 мудири шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Точикистони Сурх» (холо «Точикистони совети»), 1954— 55 ходими адабии журнали «Шарки Сурх» (холо «Садои Шарк»), 1955— 59 мухаррири журнали «Пионер» (холо «Машъал»), 1960—69 мухаррири калони нашриёти давлатии Точикистон буд. Аз соли 1970 мудири редаксияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Точик. Аввалиш шеърхои Фархат солхои 30 дар газетаи районии Хучанд «Бо рохи ленини», баъдтар дар газета ва журналхои республикави чоп шудаанд. «Гулхои шоди» (1948) хусан мачмуи шеърхои уст. Минбаъд мачмуахои дигари у — «Дуст медорам» (1950), «Назми озоди» (1955), «Таронахои мухаббат» (1962), «Руди кухи» (1964), «Чашмаи бахор» (1972), «Китоби дусти» (1976), «Гелоси сафед» (1981) ба табъ расидаанд, ки ашъори дар жанрхои гуногун навишташуда ва достонхон у—«Чор минбар», «Салом, Пушкин», «Иклими бахор» ва гайраро дар бар мегирард. Ашъори бачагонаи Фархат дар мачмуахои «Дар гирди арча»(1959), «Чашмасор» (1960), «Залгулаи бахор» (1979) фарохам омадааст. Мавзуи асосии шеърхои Фархат тавсифи зиндаги ва корузори халки совети, таргиби сулху амони, маърифату дониш, дусти, тараннуми хаёти сосиалисти, тасвири манзарахои табиат, мухаббат ва садокат мебошад. Мавзуи Чанги Бузурш Ватани дар эчодиёти Фархат макоми хос дорад. Дар шеърхои «Зури халк», «Мактуби модарон», «Чавоби писарон», «Салом, Точикистоп», «Дуст медорам», «Коилам», «Саёхати сахрои колхози» ва «Борони бахори» муборизаи кахрамононаи Армияи Сурх ва халки совети бар зидди истилогарон, торумор гардидани фашизм, тасвири мехнати фидокоронаи мардуми акибгох бо эхсосоти баланди ватандусти тасвир шудааст. Дар як катор шеърхои Фархат образи В. И. Ленин, талкини гояхои ленинизм мавкеи асоси дорад («Хайкале дар сохили Сир», «Чони орзу» ва гайра).
Шеърхои у аз чихати равонию суфтагии забон, истифодаи санъатхои бадеи ва солимии вазн чолибанд. Бастакорони точик ба бисёр шеърхои Фархат оханг бастаанд. Муаллифи либреттохои операхои «Лаънаткардаи халк» ва «Се бародарон». Фархат асархои А. Пушкин, М. Лермонтов, А. Прокофев, Я. Купала, П. Тичина, У. Шекспир, Я. Райнис ва дигаронро ба точики гардондааст. Асархояш ба забонхои халкхои СССР тарчума шудаанд.
Бо ордени Шараф (дарачаи 3), медалхо, Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон ва РССБ мукофотонида шудааст. Аз соли 1947 узви Иттифоки Нависандагони СССР.
Адабиёт: Тазкираи адабиёти бачагон, чилди 1, Душанбе., 1979; Писатели Таджикистана, Душанбе, 1986. У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.