ЭНЦИКЛОПЕДИЯ (аз юн. enkyk-lios paidecia — донишн мухтасар аз хар боби илм),.донишнома, нашрияи илми ё илмию оммави, ки аз тамоми сохахои илм (Э.-и универсали) ё сохаи чудогонаи он (Э.-и сохави) дониш медихад. Э. алифбои, мураттаб ва вобаста ба адади чопххо калон (даххо чилд), хурд (10—12 чилд), мухтасар (4—6 чилд) ва 1—3 чилда (лугати энциклопеди) мешавад. Хар Э. плану маколахои муайяи ва лугатнома дорад. Маколахои Э. тахлили, маълумотдиханда, тафсири ва хавола мешаванд. Дар Э. харита, накша, тарх, тасвир, нусхаи лавхаю сурат, накши тангаю мухру байрак, ва г. низ мавчуд аст. Э.-хои бисьрчилда аксар фехристи ёридиханда доранд. Дар миёнахои а. 20 анъанаи тартиб додани Э.-и универсали ба миён омад. Э.-ро барои оммаи васеи хонандагон пешбини мекунанд.
Агарчи асархои энциклопеди замонхои пеш дар Мисри Кадим, Юнони Кадим ва Рими Кадим, инчунин асрхои миёна — дар Европа, мамлакатхое, ки хуруфи араби чорист ва дар Хитой вучуд доштанд, Э. ба маънои хозира дар замони нав пайдо шуд.
С-хои 1751—80 дар Франция зери тахрири Д. Дидро ва Ж. Л. Д. Аламбер «Энциклопедия ё Лугати тафсирии илм, санъат ва хунар» чоп шуд.
Лугатхои «Калимахои номафхум» дар Русь а. 13 ба вучуд омаданд. С-хои 1823—25 ношир С. А. Селивановский ба нашри «Энциклопедический словарь» («Лугати энциклопеди» шуруъ кард, ки бояд 40—45 чилд мешуд, вале пас аз шикасти шуриши декабристон 3 чилди нахустини ба табъ расидаашро нест карданд. С. 1835 саххоф А. А. Плюшар чопи «Энциклопедический лексикон» («Лугати энциклопеди»)-ро cap кард (чопи он с. 1841 бо чилди 17 кать гардид). Дар ибт. а. 20 Э.-хое пайдо шуданд, ки тачрибаи тахияи нашрхои энциклопедии а. 19-и рус ва хоричаро ба эътибор гирифта, маълумотхоро дарч мекарданд, майл доштанд, ки мавзуъро пурратар шарх диханд ва ахбори биолиографи комилтар бошад. Барчастатарин Э.-и универсалии рус «Энциклопедический словарь»-и бародарон А. ва И. Гранат аст. Лугатхои энциклопедии универсалии ох. а. 19 ва ибт. а. 20 низ машхур буданд, аз чумла «Энциклопедический словарь»-и М. М. Филиппов (ч-хои 1—3, 1898—1901), ки дар бораи В. И. Ленин (1900, бo номи Ильин Владимир) макола дошт.
С-хои аввали Хокимияти Совети В. И. Ленин дар бораи зарурати ташкили лугату энциклопедияхои совети масъала гузошт. Э.-хои сохавии зерни нашр гардиданд: «Крестьянская сельскохозяйственная энциклопедия» (ч.-хои 1—7, 1925—28), «Торговая энциклопедия» (ч.-хои 1—5, 1924—25), «Педагогическая энциклопедия» (ч.-хои 1—3, 1927—29) ва г. Баробари нашри Энциклопедияи Калони Совети мархилаи нави инкишофи кори энциклопеди огоз ёфт. 3 маротиба Энциклопедияи хурди совети нашр шуд. Дар сохаи техника, тиб, адабиёт ва г. нашрхои бисьёрчилдаи Э. хастанд. Дар ох. с.-хои 50 ва ибт. 60 нашриёти «Советская энциклопедия» оид ба 20 соха Э. чоп мекардаги шуд. Ох. с-хои 50 дар респурликахои иттифоки ба забонхои милли оид ба тайёр ва нашр кардани Э.-хо кор огоз ёфт.
Се нашри «Энциклопедияи бачагона» (ч.-хои 1—10, 1958—-62; нашри 2-юм ч.-хои 1—12, 1964—69; нашри 3-юм, ч,.-хои 1—12, 1971—78) дар илми совети вокеан мухим буд.
Дар мамлакатхои капиталисти яке аз кухнатарин Э.-хо, ки то хол нашр мешавад, «Энциклопедияи Британия» аст, с. 1975 нашри 15-уми он дар 30 ч. анчом ёфт. Дар баёни дигар Э.-хои машхури хозираи Гарб «Энциклопедияи мусаввари европоию америкоии универсали» (Испания), «Энциклопедияи италиявии илм, адабиёт ва санъат», «Энциклопедияи Брокгауз» (РФГ), нашрияхои сершумори фирмаи Ларуси Франция, «Энциклопедияи Америка» ва г-ро ном бурдан мумкин аст.
Асархои энциклопедии Шарк д. Равияи чамъ кардани маълумот аз илмхои гуногуни замони худ ба сурати як асари махсус аз кадим боз вучуд дошт, ки Авесто намунаи он аст. Дар адабиёти пахлавии давраи сосони ва давраи аввали ислом китобхои чомеи пахлавии дини низ таълиф меёфтанд, ки чихатхои энциклопедиро доро буданд, монанди Динкард (Денкард). Дар «Бундахшин»— дар баробари мифология баъзе тасаввурот ва донишхои он давра оид ба пайдоиш ва инкишофи олам ва хаёт дар мисоли наботот, хайвонот ва одам кимати таърихи-илми доранд.
Дар давраи ислом бисьёр асархои илми навишта шуда буданд, аз чумла, асархои энциклопедии умуми ва сохави. Дар онхо маълумот баъзн аз руи як тартиб, баъзан омехта ва бо хам пайваста ва гох ба тартиби алифбо, ба тарзи лугат оварда мешуд. Кисми зиёди онхо то асри 10— 11 ва баъд аз он ба забони илмии онвакта — забони араби таълиф мешуданд ва аксари онхо дар Осиёи Миёна, Афгонистон ва ё дар Эрон ва мамлакатхои дигар аз тарафи точикон ва намояндагони халкхои дигари Осиёи Миёна, Афгонистон ва Эрон таълиф меёфтанд ва баъзан ба забони точики-форси тарчума мешуданд. Хануз дар нимаи якуми а. 9 энциклопедияи фалсафаю илмхои табии «Расоилу ихвон-ис-сафо ва хуллон-ил-вафо» («Рисолахои бародарони пок ва дустони бовафо»)-и Сайидахмад ибни Абдуллох ба забони араби таълиф шуд ва дастраси ахли илми тамоми Шарки Наздик ва Миёна гардид; дар замони Темур тарчумаи точики-форсии он ба вучуд омад. Кадимтарин энциклопедияхои умуми «Китоб-уш-шифо», (Мафотезр-ул-улум» ва «Дуррат-ут-точ ли-гуррат-ид-даббоч» мебо-шанд.
Дар авв. а. 11асари энциклопедии доир ба шаш илм: мантик, илохиёт, табииёт, риёзиёт, нучум, мусики — «Донишнома» таълиф ёфт. Дар мобайни с-хои 1117—20 Э.-и илмхои даври худ — «Нузхатномаи Алои» таълиф шуд. С-хои 1099—1102 Газоли «Эхьёу улум-ид-дин» ва с. 1179 Фахруддин Мухаммад ибни Умари Рози Э.-и калони илмхои исломи «Чомеъ-ул-улум»-ро таълиф карданд, ки дар онхо маълумоти оид ба дину мазхабхо, фалсафа, забон ва адабиёт, тиб, нучум ва г. оварда мешавад. Дар нимаи якуми а. 14 «На-фоис-ул-фунун-фи ароис-ил-уюн» ва дар а. 15 «Риёз-ун-носидин» ба вучуд омадааст.
Дар а-хои 16—18 таълифи Э.-хои умуми камтар ба назар мерасад. Дар нимаи дуюми а. 19 то давраи совети дар Осиёи Миёна Э.-и миёна-хачми илму фанхои асоси «Матлаъ-ул-улум ва манмаъ-ул-фунун»-и Вохид Алихон машхур ва мутадовил буд (таълиф с-хои 1845—46). Аз Э.-хои мухтасар, ки дар ин давра мавриди истифода буданд, «Махзан-ул-улум»-и Брач Мухан дар Хиндустон таълиф шуда, дар ох. а. 19 нашрхои хиндустонии он машхур гашт. Э.-и дигар «Риёз-ул-фирдавс» — таълифи Мухаммад Хасанхон аст, ки ба равияи «Матлаъ-ул-улум» дар Хиндус-тон дар охири а. 19 навишта ва нашр шуда буд. Дар а. 19 ва авв. а. 20 мубодилаи адаби ва мадани аз он чумла бо рохи таълиф, нашр ва пахн кардани асархои энциклопеди байни Хиндустон ва Афгонистону Осиёи Миёна хеле ривоч гирифта буд. Бисьёре аз асархои энциклопедии Осиёи Миёна ривочи босазо дошт. Бештаре аз асархои энциклопедии умуми ва сохави ба забони урду тарчума мешуданд (мас., тарчумаи урдуии «Матлаъ-ул-улум ва мач-маъ-ул-фунун»-и Зайнулобидинхон, ки дар Хиндустон нашр гардид; тарчумаи урдуии энциклопедияи космографи, чугрофи ва табиатшиноси «Ачоиб-ул-махлукот»-и Закариё ибни Мухаммади Казвини ва г.). Дар сохаи таърихи дин ва мазхабхои Шарк асархои зиёде навишта шуда буданд. Аз машхуртарин китобхои ин соха «Ал-милал ва -н-ни-хал»-и Мухаммади Шахристони ва «Гуньят-ут-толибин»-и Абдулкодири Челони (ваф. 1167), ки ба забони араби таълиф ёфта, тарчумаи форси-точикии як кисми он бо номи «Хафтоду ду миллат» шухрат ёфтааст. Асари калони форси-точики «Дабистони мазохиб» тахминан таълифи Мухсини Фони дар миёнаи а. 17, ки дар он оид ба дину мазхабхо ва таълимоти фалсафии халкхои Шарк, маълумоти муфид чамъовари шудаанд.
Дар сохаи чугрофия омехта бо таърих китобхои зиёд таълиф шуда буданд, ки як микдор аз онхо тарзи Э. ва маълумотномаи сохавии чугрофи-таърихи ва табиатшиноси инчунии халкшииоси ва этнографиро доро мебошанд.
«Муъчам-ул-булдон» ба инкишофи чугрофия ва таърих таъсири калон : расонидааст. Ин лугат дар а. 16 дар Хиндустон аз тарафи олими намоё ни хинд Абдулкодири Бадоюни ба забони форси-точики тарчима шуда буд. Тарчумаи форси-точикии китоби арабии «Ачоиб-ул-махлукот ва гароиб-ул-мавчудот»-и Закариё ибни Мухаммади Казвини (таълиф ба забони араби то с. 1280) низ хамчун Э.-и космографию чугрофию табиатшиноси шухрати калон пайдо кард, Дар а. 14 «Чомеъ-ут-таворих» эчод шудааст. Оид ба космография ва чугрофия «Нухзат-ул-кулуб» пайдо шуд, ки барои чугрофияи умуми ва регионали сарчашмаи мухим мебошад. Барои омухтани таърих ва чугрофияи Осиёи Миёна аз кадим то чоряки сеюми а. 16 «Мачмаъ-ул-гароиб» сарчашмаи пурарзиш ба шумор меравад.
Китоби калонхачми форси-точики «Акбарнома» иборат аз «Таърихи Акбар» ва «Оини Акбари» таълифи Абулфазл ибни Муборак (1551—1602) барои омухтани таърихи Хинд, чугрофия, иктисодиёт, хаёти сиёси, адаби ва илмии он давр маълумоти мураттаби гуногунсохаи пуркиматро дар бар гирифтааст.
Доир ба таърих ва чугрофияи мамлакатхо ва махалхои мухталифи Шарки Наздик ва Миёна ва хатто доир ба шахрхои алохида (мас., доир ба Самарканд —.«Кандия»-и Умар ибни Мухаммади Насафи, ваф. 1142) асархои мутаахид таълиф шудаанд.
Аз асархои номии энциклопедияи сохави «Таърихи Табари» ва «Равзат-ус-сафо» барои омухтани таърихи мамлакатхои Шарк ва махсусан Осиёи Миёна, Афгонистон ва Эрон сарчашмахои пуркимат мебошанд.
Унсурхои энциклопеди дар бисьёр фархангхои умумии пешина дида мешаванд. Дар ин гуна фархангхо ба гайр аз лексикаи умуми истилохоти сохахои гуногуни илм ва касбу хунархо, номхои шахсони таърихи, чугрофи ва г. тафсир меёбанд. Мас., «Муайид-ул-фузало», «Кашф-ул-лугот ва -л-истилохот», «Бурхони котеъ», «Чароги хидоят» ,«Бахори Ачам», «Хафт кулзум» ва г.
Аа чихати энциклопеди се фарханги пешина дорои ахамияти хосе мебошанд: «Гиёс-ул-лугот», «Фарханги Онандроч», «Фарханги Низом»-и Мухаммад Доиулислом, ки дар хачми панч чилд дар Хиндустон дар шахри Хайдарободи Дакан с-хои 1928—39 нашр гардид, аз чихати фаро гиркфтани истилох в а тафсири он сарчашмаи мухим аст.
Назар ба Э.хои умуми, Э.-хои сохави аз кадим боз бештар таълиф шудаанд. Яке аз сохахои бисёр мутаракки аз чихати микдори асархо, аз он чумла Э.-хо сохаи илми тиб мебошад, ки баъд аз фалсафаю дин ва чугрофияву таърих чои намоёнеро дар мероси илми ишгол менамояд. Дар давоми а-хои 9—10 то авв. а. 20 дар Эрон, Афгонистон, Осиёи Миёна, Хиндустон асархои тиббии фаровон таълиф ёфтаанд. Дар Эрон дар а-хои 9—10 олими бузурги сохаи тиб Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози асархои зиёди тиббиро ба забони араби таълиф кард, ки ба тибби минбаъдаи араби ва точику форсизабонон таъсири калон расонд. Якумин асари тибби, ки ба забони форси-точики таълиф шуда буд, ин «Китоб-ул-хидоят-ил-мутаалимин фи-т-тибб» (975) мебошад. Ин китоб дар бораи тамоми сохахои илми тибби онвакта: анатомия, тасвири беморихо ва тарзи муоличаи онхо, тасвири дорухо-фармакология, гигиена ва пешгирии касалихо бахс мекард.
«Ал-конун фи-т-тибб» «3ахираи Хоразмшохи», «Дастур-ул-илоч», «Мазан–ул-адвия», «Карободини кабир», «Мухити Аъзам», «Иксири Аззам», «Ал-хови» ба тамоми касалхо ва муоличаи онхо бахшида шудааст.
Яке aз сохахои бисьёр мутаракки сохаи илми адаб буд. «Тарчу-ман-ул-балогат», «Ал-муъчам» ва дар зчоди асархои охирини муосир хамчун «Арузи точики»-и Бахром Сирус ва «Санъати сухан»-и Т. Зехни мавриди истифода гардидаанд.
Дар сохаи хайат ва нучум асархои зиёде таълиф шуда буданд, ки «Китоб-ут-тафхим- ли-авоили сано-ат-ит-танчим» буд.
Аз Э.-хои оид ба шархи номи ашхоси машхур ва номхои чугрофии чолиби диккат «Китоб-ул-ансоб», «Муъчам-ул-булдон», «Лугатнома», «Фарсами форсй», «Фарсами Амид» ва г. мебошанд.
Барои инкишофи филологияи тамоми забонхои эрони, забоншиноси ва адабиётшносии онхо ахамияти «Асосхои филологияи эрони», ки с.-хои 1901—04 ба забони немиси дар ду чилд нашр гардида буд, бисьёр калон буд. Дар таълифи ин асари энциклопедии сохаи филологияи эрони машхуртарин шаркшиносони он давра иштирок доштанд.
Дар забони араби лугати тафсирию энциклопедии мусаввар «Ал-мунчид» шухрати калон пайдо кард ва барои шаркшиносон ва забоншиносон дастури муфид аст.
Аз аввалхои а. 20 чанд нашри «Энциклопедияи ислом» ба забони немиси, англиси ва франсави пахн шуд, ки дар навиштани маколахои он мутахассисони шаркшиноси тамоми чахон иштирок доштанд.
Ад.: Никитина В. В. [ва диг.], Лиература Древосго Востока. «Издво-МГУ», 1902; Крачковский И. В.
Избр. соч., т. IV. М.—Л., 1057; Бартольд, Соч., т. VIII, М.. 1973.
В. Капранов.