Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ЭХЁ-УТ-ТИБ»

«ЭХЁ-УТ-ТИБ»

 «ЭХЁ-УТ-ТИБ» «Эхё-ут-тибби Субхони», асарест оид ба масъалахои тибби амали ва шинохтану истифодаи навъхои дору; Субхонкули Мухаммад ба точики таълиф намудааст. «Э.» аз мукаддима ва хашт боб (хар боб аз чор фасл) иборат аст. Мукаддима оид ба хадди тиб ва мавзуи он, доир ба аркон (чор модда, яъне хок, об, хаво, оташ), мизочи муътадил, мизочи андомхо, хифзн сиххат, тадбири фаслхои сол, тадбири шахр, хона ва маскан, тадбири чома (либос) пушидан ва тадбири сизою умри мардум бахс мекунад. Дар баёни хадди тиб ва мавзуи он муаллиф тибро илме номидааст, ки «…табиб бар он илм дар холи тани мардум нигох кунад ва тандурусти бар вай нигах дорад ва агар бемор гардад ба холи сиххат боз орад…». Боби аввал ба адвияи муфрада (сохха) як нафъу зарари онхо, сараги ва носарагии (пастсифатии) адвия, вазнхо, шинохтани адвияи мураккаб, тарзи омехтани адвия ва с. оид аст. Дар ин боб адвияи муфрадаи наботй, мас, озордия (кучула), хардал, дулба, озонулгор (марзангуш), аррувон, анчудон, ашдодул (шадодул), устухудус (райхони руми), сунбул, исфанох, сим-сим (кунчид), ушна, ушной, акокиё, андибар, бобуна, бустонафруз (гули точи хурус), бунафша, бадман, субайро (санчид), унноб (челон), сумок, (тутум), дино, дармал (хазориспанд) ва г., хайвони аз кабили асал, тухм, шир, равган, устухон, пешоб, пуст, майна, гушт, баъзе узвхо ва инчунин маъдани — танакор, забарчад, зумзгррад, сурма, талд, гач, акик, фируза, кахрабо, марворид, алмос, тутиё ва г. тафсир ёфтаанд. Дар боби мазкур оид ба тарзи хушконидани наботот, гирифтани шираи растанихо, гун кардану куфтани маъданхо, дуре сохтан, тарики нигох доштани адвия низ сухан меравад. Боби дуюм оид ба тарьёкхо, акрос (курси афъи, авсул ва г.), адвияи маъчун (мас., маъчунхои акраб, устухудус, пудина, маъчуни Чолинус вa г.), нушдорухо, давохои муфаррех ё кувватбахши дилу чигар (мас., довулмушки ширин ва талх); боби сеюм доир ба аёричот (адвияи мусдил), гуворишот ё давохои хозим (мас., гуворишоти сумод, занчабил, табошир, зира, мушк, кофур, анчудон, дорчин ва г.), курсхо (курсхои кавкаб, кофур, гул, афсангин, уд, кундур, хаш-хош, гулнор, кахрабо, сунбул ва г.); боби чорум оид ба тарики тайёр кардани суфуфот ё адвияи судда (суфуфхои табошир, кокула, халима, зиришк, савринчон ва г,) мураббоёт (мураббохои гулшакар, бунафша, халила, сир, занчабил, каду, хиндувона, бодом, норчил ва г.) сиканчабинот (сиканчабинхои лиму, хинди, румоли ва г.), ашриба (шарбатхои анори ширин, себ, анчибар, екут, шаробхои олу, хашхош, ревоч, зуфо, анчир, бунафша, нилуфар, тут, пудина ва г.); боби панчум доир ба матбухот (адвияи пухта, мас., матбухи халила, шохтара, савринчон ва г.), нукуот (давохои дар об таркарда), луъкуот (адвияе, ки фуру баранд, мас., луъуки зуфо, хашхош, дулба, бодом, чалгуза ва г.) хаби мусхил ва гайримусхил (мас., хаби шохтара, шабёр, Сахрами) ва г.; боби шашум оид ба суъутот (давое, ки дар бини чаконанд), атусот (адвияи атсаовар), нутулот (чизхое, ки ба cap резанд), катурот (адвияи катраги), шумумот (давохои буиш), бухурот (адвияи дудкунанда), лутухот (адвияи молидани), сунунот (давохои дандон), зимоххо (давое, ки куфта атола карда банданд), хукна, фатила, мукаёт (давохои кайовар) ва г.; боби хафтум доир ба кухл (сурма), бурудот, марохим (мархамхои зангор, сурх, сиёх, мисри, кофур, мархами бавосир, саратон), духниёт (мас., равгани симсим, савринчои, беданчир, лола, заъфарон, туро, дино, гули бодом ва г.), коми беморихо ва гизое, ки мувофики хар заъф бошад; боби хаштум ба адвияи варам ва бусуроти гарм ва сард (давои тоун, варами шуш, давои дунбал, хориш, дубоъ, Саратон ва г.), давохои дабр (устухонбанди) ва зинат (давои шикасти устухон ва чарохати он, давое, ки муйро дароз кунад, давое, ки руйро наку созад ва г.), позахрхо ва г. бахс мекунад. Хангоми баёни адвияи муфрада аввал ном (ба тарики алифоо), баъд табиат ва сони ахамияти он омадааст. Баъзе давохо бо араби, форси, турки, хинди, инчунин номи махаллиашон баён гаштаанд. Мас, гуфта шудааст, ки «сус, ба форси махак ва дар урф суси ширин гуянд, манфиат дар бех ва усораи он бувад, табиати у гарм ва хушк бувад…, гуянд ширааш сард аст, дарди дигарро нофеъ бувад…, чихати буи багал ва арак суси тозаро истеъмол кунанд суд дихад». Дар китоб ахамият, тарзи тайёр кардану истифодаи аксар давохо шарх ёфтаанд. Дар катори давохои гуногуи муаллиф бисьёр хурданию нушиданихо ва тарики тайёр кардани онхоро шарх медихад, ки барои муоличаи ин ё он бемори муфиданд. Гайр аз ин дар «Э.» як катор беморихо шарх ёфтаанд, мас., судоъ—дарди тамоми cap; дарди шадиди — дарди ними cap; лахва — кад шудани нимаи руй ва нимаи дахон; раъша — ларзидани дасту пой беирода; нохуна — рагхои сурх ва сафед, ки аз гушаи чашм берун оянд; сабал —рагхои пурхун бувад дар чашм ва г.

Як нусхаи дастнависи асар (514 варак), ки онро с. 1102 хичри (1691 милоди) Хоча Инсоф китобат кардааст, дар китобхонаи Сарредакцияи илмии Энциклопедияи Советии Точик (раками 62) ва нусхаи дигари он (301 варак), ки онро с. 1248 хичри (1832 милоди) Абдуллои котиб китобат кардааст, дар фоиди дастхатхои Ин-ти шаркшиносии АФ PСС Узб. (раками 2101) махфуз мебошад.

Ад.: Хикмати асрхо, Д,, 1975.

  1. Toшев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.