Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭФЕМЕРХО

ЭФЕМЕРХО

efemerho

ЭФЕМЕРХО, як гурухи гиёххои яксоларо гуянд, ки даври пурраи нашвашон (аз сабзиши тухми то мевабандию хушкшави) дар мухлати хеле кутох (аз 1,5—2 то 6—8 мох) ба охир мерасад. Онхо ба оилаи хушаихо (баъзе намудхои вулпия — Vul-pia myuros ва V. ciliata, бомас — Bromus oxyodoo, В. Danthoniae ва Anisantha tectorum, бузгандум — Aegilops triuncialis ва A. cylindrica), чилликгулхо (баъзе намудхои apaбидопсис — Arabidopsis thaliana ва A. pumila, чатир — Strigosella, чашми булбул — Alyssum turkestaoicum, A. Cauciunum ва A. szovitsianum вa г.) ва диг. мансубанд. Э. дар ташаккули набототи биёбон, нимбиёбон (57—63%-ц намудхои растани), кисман нохияхои дашти мавкеи калон доранд. Э. ба тагйироти мухити махал хеле хуб мутобик шудаанд. Тухму меваи аксари Э. то 3 сол (хушадордо ва лубиёихо то 7 сол) кобили сабзишанд. Э. дар республикаи мо дар хамворихо ва пасткуххо меруянд. Эфемерзорхои биёбони республика чарогохи хуби зимистонаву бахорианд. Дар солхои сербориш эфемерзорхои пасткуххои республикаро хамчун алафдарав истифода мебаранд. Г. Г. Сидоренко.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …