Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ШАМОХАКАЛЪА

Димнаи ШАМОХАКАЛЪА

ШАМОХАКАЛЪА, димнаи мансуб ба асрхои 13—14, ки 50 км гарбтари ш. Кухна-Урганчи РСС Туркм. вокеъ аст. Димнаро с. 1946 С. П. Толстов кашф намуд. С. 1948 онро бостоншиносони Экспедицияи археологию этнографии Хоразм тадкик намудаанд. Асоси димнаро бокимондаи калъаи ибтидои асрхои миёна ташкил медихад.Калъа росткунча буда, онро девори гафс, ки бурчхо дорад, ихота намудааст. Дар кисми марказии димна хавлихои калон-калони аъёну ашроф ва масчиди чомеъ бино ёфтаанд. Масчиди дигар берун аз девори дохили сохта шудааст. Дар канорахои Шамохакалъа махаллахои хунармандон (махаллаи кулолон дар кисми чануб, махаллаи охангарон дар кисми шим. гарби, махаллаи шишагарон дар кисми гарбии шахр) вокеъ будаанд. Шахр дар асрхои 13—14 нашъунамо ёфт. Дар ин давра он бо давлатхои хамсоя, хусусан бо шахрхои Олтинурда, робитаи тичорати дошт.

Ад.: Вактурская И. Н.. О раскопках 1948 г. на средневековом городке. ще Шемахякала Туркменской ССР. .Тр,; ХАЭЭ», т. 1, М.. 1952. Т.В Беляев

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.