Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Димнаи ШАХРИНАВ

Димнаи ШАХРИНАВ

ШАХРИНАВ, димнаи давраи Kyшониён, ки дар сохили рости д. Каратог, дар наздикии пос. Шахринави p-ни Турсунзодаи РСС Точ. вокест. С. 1946 кисми шим. шаркии онро гурухи кофарнихонии Экспедицияи археологии Сугду Точик ва с.1955 гурухи дар Хисор будаи он тадкик намудааст. Кисми зиёди Шахринав дар зери киштзору сохтмонхо ва рохи автомобллгарди Душанбе — Тирмиз мондааст. Бостоншиносон дар баъзе кисмхои он хафриёти археологи гузароннданд. Шахринав кариб 350 га масохат дошта, то 7 км бо хишти хом мураббаъшакл девор шудааст. Девори самти шарки, ки бо номи Катортеппа маълум аст, нисбатан мукамал боки монда, кариб 70 бурч дорад. Девори самти шимоли 1км, чануби 1,2—1,3 км тул кашида, дорои 9 бурч аст. Дар худуди димна якчанд теппа (Хоитгула, Чимкургон ва г.) ва харобаи бинохои кадим боки мондаанд. Аз худуди Шахринав тангахои мансуб ба ахди Евкратид, Вимаи Кадфиз, Канишка ва диг. ёдгорихои меъмори, сафолпорахо, хайкалчахои гили ёфт шудаанд. Кашфиёти Шахринав сахифаи навеет дар таърихи кадимии халки точик.

У. Бобоев.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …