Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи САНГЗОР

Дарёи САНГЗОР

sa

САНГЗОР, дарёест дар вилояти Чиззахи Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон. Тулаш 198 километр, масох. хавзааш 3220 км2 (кнсми кухиаш). Аз нишебии шимолии каторкухи Туркистон огоз ёфта, ба кули бастаи Тузкон (канори гарбии Мирзочул) мерезад. Болооби дарё Гуралассой ном дорад. Дарё дар наздикии дехаи Кичик Карошакшак баъди хамрох шудани Чонтекасой Сангзор ном ме- гирад. Поёнтар аз шахри Чиззах бошад, Сангзори Кили меноманд. Сангзор дарёи камоб аст. Сарфи бисёрсолаи об (дар наздикии Гулкишлок) ба хисоби миёна кариб 2 метр3/сония. Оби Сангзор якчоя бо оби канали Эски Туятортар барои обёрии вохаи Чиззах сарф мешавад. Дар даромадгохи воха сарфи бисёрсолаи об ба хисоби миёна 4 метр3/сония. Баъди аз вохаи Чиззах гузаштан мачрои дарё аксар вакт хушк мешавад. Манбааш обхои барф ва борон. Давраи пуробиаш аз охири март то аввали июл. Бо максади танзим ва истифодаи самараноки оби Сангзор обанбори Чиззах сохта шудааст. Ба воситаи Канали Эски Туятортар ба Сангзор оби дарёи Зарафшон чори шуда, дар поёнтари вохаи Чиззах ба он оби Канали Чануби Мирзочул, инчунин зиёда аз 80 сою дарёчахо (Хучасой, Бойкунгирсой, Кукчарсой, Оккургонсой, Тангатопдисой, Сутарик, Бахмазорсой, Навкасой ва гайра) хамрох мешаванд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …