Маълумоти охирин

ЧИЛХУЧРА

ЧИЛХУЧРА, кушки мансуб ба асрхои 5—9, ки 2,5 км чанубтари дехаи Шахристони pаёни Уротеппа, вил. Ленинобод вокеъ аст. Чилхучра хануз аз ох. а. 19 дар илми бостоншиноси маълум аст. Солхои 1961—66 аз тарафи отряди бостоншиносии шим. Точикистон омухта шуд. Чилхучра кушки мураббаъ буда, дар болои теппаи баланд аз хишти хом ва похса бино ёфтааст. Он се давраи сохтмонро аз cap гузаронидааст. Ба давраи якум (асрхои 5—6) чор хонаи маркази, ба Давраи дуюм (асрхои 6—7) рохравхои гарби, шимоли ва шарки, ба давраи сеюм (а. 7— ибт. а. 8) рохравхои чануби ва ошёнаи дуюм мутаалликанд. Чилхучра то айёми мо дар холати хуб барчо мондааст. Бар хилофи анъанахои кадимии санъати меъмории махалли хонахои Чилхучра гунбаздори мураббаъ ва мудаввар не, балки зузанашакл сохта шудааст. Атрофи ошёнаи дуюм бо пешайвони кушод ихота гардида, он то рузхои мо махфуз мондааст (чунин усули биносози аз кандакории филизот ва тасвироти Панчакенти Кадим пайдост). Олимон то кашфи Чилхуча чунин мепиндоштанд, ки тромпхо (як навъ кодокхои кунчаки) вазифаи равзанро хам адо мекарданд ва танхо дар асрхои 9—10 (макбараи Сомониён) пайдо шуданд. Aммо, чунон, ки аён гардид, он хануз дар а. 7 истифода мешудааст.

Пагнаи Чилхучра, ки ошёнахои якуму дуюм ва боми биноро бо хам мепайваст, муъчизаи санъати меъморист. Он ба гирдогирди сутуни марказии мудаввар печидааст. Дар ёдгорихои ибтидои асрхои миёна чунин пагнахо дучор намеоянд. Зинахои дохили канора ва пештоки бинохои аз хишти пухта биноёфта дертар ба хамин усул сохта шудаанд.

 

Аз тарафи чануби бинои асосии кушк хавлии мураббаъ (20×20м) чой гирифтааст. Даромадгохи он качу килеб ва барои мудофиа мувофик буда, дар назди дарвоза манори дидбони дорад.

Хонахои ошёнаи якуми Чилхучра долонмонанд буда, барои нигох доштани захираи хуроквори таъии шудаанд. Ошёиаи дуюм аз толори калон, толори хурд, ибодатгохи гунбаздор ва чанд хонаи икомати иборат будаанд. Хонахои хочаги ва икоматгоки хизматгорон кад-кади деворхои шарки ва гарбии хавли чой гирифтаанд.

Бозёфтхои Чилхучра ахамияти калони илми доранд. Зарфхои сафолии ёфтшуда хум, хумча, хурма, дулча, куза, табак, гуппи, дег, чароги сиёх ва г. ки басо хунармандона сохта шудаанд, аз махорати баланди кулолони Истаравшан шаходат медиханд.

Аз чуб зарф, дук, кафлес ва г. сохтаанд. Асбобхои филизи (табар, корд, пайкон, занчир), ва биринчи (медалон, зангула, дарафш, сагаки тасма ва г.), дукхои чуби, санги, сафоли ва порчахои матоъхои пахтаги, пашми, палос ва г., донахои галла (гандум, чав, арзан), донакхои мева (шафтолу, зардолу, олу, писта, ангур, чормагз, зирк) ва устухонн чорвои хонаги аз дарачаи тараккиёти истехсоли маснуоти филизи, бофандаги, галлакори, богдори ва чорводории Истаравшан гувохи медиханд.

Деворхои толори калон ва толори хурд бо тасвироти хушобуранг оро ёфтаанд. Гарчи тасвирот аз сухтор ва нами хеле зарар дидааст, вале хувайдост, ки он ба нигоришоти Панчакенти Кадим шабохат дорад.

Дар Чилхучра се адад бути сухтаи чуби  ёфт шуданд, ки онхо аз хусуси дар дини зардуштии Осиёи Миёна баробари оташ парастидани бутхо шаходат медиханд.

Ангуштаринхои нукраги ва биринчи, гушворахои биринчи, нигинхо (аз лаъли Бадахшон ва шиша), мухрахо (аз марчанг, акик, лочвард, шиша) махсули хунари заргарони махаллианд. Брактеати аз Чилхучра ёфтшуда дар Осиёи Миёна хафтумин аст. Дар он тасвири тосарисинагии чавони точпуши муйдароз ва аз ду канор катибаро мебинем. Брактеат осори барчастаи санъати заргари ва тасвирист.

Кадимтарин асбобхои мусикии дар худуди Точикистон бадастомада аз Чилхучайра ёфг шудаанд. Яке аз онхо наи бачагона аст, ки аз камиш сохта шуда, шаш сурохи дорад. Дигаре сараки дастаи уд аст ва ин асбоб чор тор доштааст.

Гаронбахотарин бозёфти Чилхучра се тахтачаест, ки дар руи онхо бо ранги сиёх хат навиштаанд. Хуруф ва забони хуччат сугдист. Гарчи шакли харфхо ва забони хуччатхои Чилхучра аз хуруф ва забони Сугди Самарканд дар чузъиёт фарк мекунад, вале аз бисёр чихат бо он умумият дорад.

Яке аз ин хуччатхо забонхатест дар бораи киро кардани хархо хангоми чамъоварии хосил.

То ин дам дар худуди Истаравшан ягон хуччати пурра ва осебнадидае ба даст наомада буд ва олимон рочеъ ба забон ва хутути истаравшанихои кадим дер боз бахс доштанд. Хуччатхои Чилхучра ин масъаларо пурра хал карданд. Маълум шуд, ки истаравшанихо бо хуруфи сугди навишта, бо яке аз лахчахои махаллии забони сугди гап мезадаанд.

Чилхучра асари барчастаи санъати меъмории ачдоди точикон буда, оид ба таърихи санъати меъмори, кушксози, истехкомот, хочаги, санъати тасвири, заргари, хунармаиди ва хаттоти маълумоти гаронбахо дод.

Ад.; Пулатов- У. П, Чильхуджpa. (Материальная культура Уструшаны, в. 3), Д 1975. У. Пулодов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …