Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРОБУДУР

БОРОБУДУР

borobudurБОРОБУДУР (Borobudur) ёдгори кадимии меъмори дар чазираи Яваи Марказии Индонезия. Дар даврони хукмронии Шайландер солхои 778-850 бо истифода аз панчоху хафт хазор метри мураббаъ сангхои хокистарранги вулкани бунёд гардидааст. Тархи умумиаш хирамшакл буда, аз пойдевор ва ду чабат айвон иборат аст. Панч кабати поинии маъбад мураббаъшакли зинаосо бу­да, се кабати болоияшро айвонхои ниммудаввари доирашакл фаро гирифтааст. Айвонхои гирдаи васеи болоиро хафтод нижвони зангулашакл, ки бар он мучассамаи Буддо чой гирифтааст, печонидаанд. Боробудур яке аз бузургтарин ёдгорхои меъмории замони махсуб мебошад ва хамчун маъбади мухташам тимсоли буддоро бо шукуху шахомоташ мучассам сохтааст. Маъбади Боробудур бо тархи мутамарказ ва банду басти ягонааш чун дастоварди беназири санъати меъмории ахди кухани буддоиён эътироф шуда­аст.

Адабиёт: Искусство стран и народов мира. Т. 2. Москва,  1965.

Б. Абдурахмонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.