Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

nas-bankБОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН, муассисаи мустакили бонкии Точикистон (бонки марказии эмиссиони ва захиравии Чумхурии Точикистон), ки бо Карори Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз 28 июни 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиходи Шурави дар ЧШС Точикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 «Бонки миллии Чумхурии Точикистон» ва соли 1996 «Бонки миллии Точикистон» ном гирифт. Бонки миллии Точикистон моликияти Точикистон буда, дар назди Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон масъул аст. Он дорои 5 шуъбаи минтакави дар шахрхои Хучанд, Кургонтепла, Кулоб, Хоруг, Гарм ва 1 намояндаги дар Федератсияи Руссия мебошад.

Максади асосии Бонки миллии Точикистон:

  • нигохдории сатхи муьтадили нарххо дар доираи салохияти худ;
  • таъмини рушду тахкими низоми бонкии мамлакат;
  • мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами ни­зоми пардохт.

Вазифахои асосии Бонки миллии Точикистон:

  • сиёсати пулию карзии Точикистонро тахия ва амали менамояд;
  • хамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
  • тахлили иктисоди ва пули анчом дода, дар асоси он ба Хукумати Точикистон таклифхо пешниход мекунад, натичахои тахлилро ба маълумоти чомеа мерасонад;
  • барои ичрои амалиёти бонки ба бонкхо ва ташкилотхои карзии гайрибонки ичозатнома дода, фаъолияташонро танзиму назорат менамояд;
  • барои ташкилотхои карзи макоми карздихандаи нихои мебошад;
  • низомхои пардохти, клиринг, хисоббаробаркуни ва хидматрасонихои пулиро дар Точикистон ташкил намуда, фаъолияти онхоро танзим ва назорат менамояд;
  • ба таври инхисори (монополи) интишор (эмиссияи)-и пулро амали намуда, ба гардиш даровардан ва аз муомилот гирифтани онро ба рох мемонад;
  • захирахои байналмилалиеро, ки дар ихтиёр дорад, нигохдори ва идора менамояд;
  • аз номи Точикистон ба худ ухдадорихо гирифта, амалиётеро, ки аз ширкати Чумхурии Точикистон дар фаъо­лияти ташкилотхои байналмилали дар сохахои бонкию муносибатхои пули мувофики шартномахои байналмила­ли бармеояд, ичро мекунад;
  • тавозуни пардохти давлатро тартиб медихад;
  • амалиёти дигари бонки ва вазифахои дигареро, ки конун пешбини мекунад, ичро менамояд.

Бонки миллии Точикистон соли 1997 бо максади инкишофи низоми пардохт дар хочагии халки чумхури барномаи густардаи «Омодасозии чадвалхои хисоботии гардиши пул дар Чумхурии Точикистон» ва Низомнома «Дар бораи ташкили хисоббаробаркунии байнибонки аз руи низоми пардохтхои электрони»-ро тахия ва дар амал татбик намуд. Мохи ию­ли 1999 ба узвияти Созмони байналхалкии SWIFT кабул ва ба системаи INTERNET хамрох гардид, ки дар низоми бонкии Точикистон вокеаи мухим ба хисоб меравад.

Бонки миллии Точикистон бо Фармони Президенти Тоникистон аз 26 октябри 2000, №415 соли 2000 пули миллии кишвар – Сомони (пулхои когазии арзишашон 1,5, 10, 20, 100 сомони ва вохидхои хурди он бо арзиши 1,5, 20, 50 дирам) ва дар асоси Фармони Президенти Тоникистон аз 28 ав­густа 2001 ва аз 3 сентябри хамон сол тангахои филиззии арзишашон 1, 3, 5, сомони ва 5, 10, 20, 25, 50 дирамро ба муомилот баровард. Ислохоти мазкур анчоми мантикии давраи баркароршавии шабакаи бонки, барпо намудани сиёсати пулию карзи ва ташкилшавии низоми миллии пули гашта, барои рушду такомул, вусъату инкишофи хаматарафаи бахши молиявии иктисодиёти Точикистон мусоидат кард.

Асоси конунгузории бонкии Тоникистонро Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ташкил медиханд. Макоми хукукии Бонки миллии Точикистон, усулхои ташкили он, вазифахои асоси, хамкори бо макомоти хокимияти давлати, максаду воситахои асосии сиёсати пулию карзи, усулу тарзхои танзиму назорати бонки, тартиби тачдиди сохтор ва бархам додани муассисахои карзи, ташкили гардиши пулу хисоббаробари ва дигар вазифаву ваколатхои Бонки миллии Точикистонро Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон» муайян мекунад.

Адабиёт: Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон». Душанбе, 1996; Бонкдори дар Точикистон. № 3, октябри 2009.

Ш. Рахимзода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.