БОНКДОРИИ МОБИЛИ, истифодаи хидматрасонихои бонки ба воситаи Интернет ва телефон. Ин намуди бонки охири солхои 90-уми асри 19 дар ИМА пайдо шуда буд. Минбаъд дар аксари бонкхои дунёи мутамаддин хидматрасонии Бонки мобили ичро шудани амалхои зеринро осон мегардонад: дидани тавозун ва бакияи маблаг дар суратхисоб, фаъол намудан, ё катъ намудани кортхои бонки ва ё суратхисоби бонки, интиколи маблаг байни суратхисоби картаги ва суратхисоби амонати, интиколи маблаг аз суратхисоби корти ба суратхисоби шахсони вокеи ва хукуки дар бонки дилхох, интиколи маблаг ба кортхои пардохтии VISA ва кортхои пардохти милли (барои ичрои кор танхо шумораи корти пардохтии пулгирандаро донистан кифоя аст), ташкил намудани фармоиши пардохти аз руи мушаххасоти бонкии муштари.
Афзалияти хидматрасонии Бонкдории мобили аз хидматрасонихои анъанавии бонки (барои осон анчом додани амалиёти бонки) чунин аст: идора намудани суратхисоб аз рохи дур дар вакти дилхох, сарфаи вакти омадурафт ба бонк, набудани маблаги иловаги (хакки кор) хангоми пардохти хидматрасонихои коммунали, ширкатхои телефони ва таъминкунандагони интернет; фавран ба низоми бонки пайваст шудан; бехатарии идоракунии суратхисоб. Тарзи пайвастшави ба Бонкдории мобили чунин сурат мегирад: муштарии бонк барои пайвастан ба хидматрасонии Бонкдории мобили ба шуъбаи бонке, ки дар ончо барояш хидмат мерасонанд, бо ариза мурочиат мекунад. Ба муштари барои истифодаи ин навъи хидматрасони рамз (парол) дода мешавад. Баъзе бонкхо барои пайвастани муштариён ба ин намуди хидматрасони аз сомонаи худ истифода мебаранд.
Дар Чумхурии Точикистон низ ин навъи хидматрасони огоз гардидааст. Чунончи ЧСК «Агроинвестбонк» хидматрасонии СМС-хабариро барои муштариёнаш пешниход кардааст.
А. Муминов.