Маълумоти охирин

БОЧИ

imagesБОЧИ, ал-Бочи Абулвалид Сулаймон ибни Халаф ибни Саъд ибни Айюб ибни Борис (1013, Баталюс 1081, Алмерияи Андалусия), кози ва факехи моликии андалуси. Хонадони Бочи аз Баталюс ба Бочаи Андалус кучид ва баъдхо дар Куртуба маскан гирифт. Бочи дар шарки Анда­лус мезист ва дар назди донишмандони он чо, аз чумла олими маъруф Абуласбаги Вашки, тахсили илм намуд. Дар худуди соли 1035 барои идомаи тахсил ба сафар баромада, муддати 3 сол дар Хичоз, 3 соли дигар дар Багдод, чанде дар Димишк, Миср ва Мавсил буд ва аз уламои машхури он замон, аз кабили Абузари Хирави, Ибни Сухнун, Ибни Мухриз дар Хичоз, Хатиби Багдоди, Абуисхоки Шерози, Абутаййиби Табари дар Ирок касби илм намуд. Ба кавле, мансаби казо (кози)-и Халабро ба ухда доштааст. Бочи пас аз 13 соли тахсил ба Андалус бозгашт. Дар он чо гурухе, аз чумла Абубакри Тартуши, кози Ибни Шибрин, кози Абулкосими Маофирии Сабти аз у фикх ва хадис омухтанд. Дар иддае аз шахрхои Андалус дар мансаби казо фаъолият кард. Бо максади эчоди сулх байни хокимони шахрхои Сарагоса, Валенсия, Мурсия ва Дония, ки ба тафрика ва чудои гароида буданд, миёнрави мекард. Бочи аз равишхои чадал ва мунозара огохии хуб дошт ва мунозирагари кавихуччат буд. Бочи бо донишманди маъруфи он замон Иб­ни Хазм дар мавриди усули шариат мунозирахо мекард ва пирузии у дар ин мунозирахо окибат боиси аз Мирука берун шудани ахири гардид, Бочи мунозирахои худро дар китобаш «ал-Фирак» овардааст.

Бочи дар бахси доир ба хадисе аз «Сахех»-и Бухори гуфт, ки огохии Пайгамбар(с) аз китобат мушкиле надорад. У дар ин бора рисолаи «Тахкику-л-мазхаб»-ро навишт ва дар он хондану навиштанн Пайгамбар (с)-ро мухолиф бо умми (дарснахонда) будани он хазрат надонист, балки инро муъчиза шумурд. Уламои Саклаба низ ба дифоъ аз ин назария пардохтанд. Ин кавли Бочи боиси инкор ва такфир аз чониби Ибни Соиг, сабаби ру гардондани мардум аз у ва лаъну таъни вай гардид.

Бочи муаллифи 30 асар дар улуми гуногун аст. Аз чумла, асархои у «ал-Мунтако фи шархи «ал-Муваттаъ»» (дар 7 чилд, Кохира, 1914), «Ихкому-л-фусул фи ахкоми-л-вусул» (Бейрут, 1986), «ал-Худуд» (дар мач. «Мутолаоти исломии Мадрид», Мадрид, 1954) чоп шудаанд. Нусхаи осори хаттии Бочи: «ал-Ишорот фи усули-л-фикх» дар китобхонаи Азхария; «ат-Таъдил ва-т-тачрих ли ман харрача анху-л-Бухори фи-л-Чомиъи-с-Сахих» дар китобхонаи «Нур»-и Усмония; «Сунану-с-солихин ва сунану-л-обидин» дар Леон; «Фусулу-л-ахком ва баёну мо мазо бихо ал-амалу инда-л-фукахои ва-л-хукком» дар «Дору-л-кутуб»-и Миср; «Шарху китоби-с-Саводи-л-аъзам» дар Кохира; «ал-Минхочу фи тартиби-л-хичоч» дар Рибот; «Васияту-л-Бочи» дар Лейден ва Эскориал махфуз аст. Аз Бочи ашъоре низ боки мондааст.

С. Махмадуллох.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …