Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Осор-ул-бокия»

Асари «Осор-ул-бокия»

«Осор-ул-бокия» авваллин асари калонхачми Абу райхони Беруни, ки соли 1000 ба забони араби навишта шудааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» ба амири Гургон Шамсулмаоли Кобус бо унвони «Ал-осор-ул-бокия ва ана-л-курун-ил холия» таълиф ёфта, бо номи «Осор-ул-бокия» маъмул аст.

Мундаричап «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»-ро (масъалахои бахси олимони машрикзамин оид ба пайдоиши олам, хаёт, назари пурихтилофи халкхои гуногун нисбат ба вокеахои бузурги таърихи, вокеоти одди ва гайрноддии табии, сабабу тарзхои пайдоиши оину кешхо, мояи пайдоиш ва шакл гирифтани таквими хиндувон, руму яхудиён, точику форсу араб ташкил додаанд. Дар китоб оид ба Собеиён, Харрониён, Килдониён, Пешдодиён, Сосониён ва гузашта аз ин дар бораи Искандари Макдуни, Мони, Зардушт, Ибни Муканнаъ ва гайра маълумоти пуркимате оварда шудааст.

Муаллиф аз сарчашмахо, асархои илмию тадкикоти, хуччатхои ёддошти, наклу ривояхои фолклори васеъ истифода бурдааст. «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод » мохияти тарчумаи холи низ дорад. Ин асар барои омухтани андешахои гузаштагон ва муайян кар­дани хиссаи ба такомули афкори илми, фалсафии бахри инсоният гузаштаи эрониён, хиндухо, яхудиён, арабу румиён ва гайра яке аз манбаъхои гаронбахоест. Солхои 1876—78 шаркшиноси немис Эдуард Захау бори аввал дар Лейпциг «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.»-ро ба табъ расонид, соли 1879 ба забони англиси тарчума гардид.

Соли 1923 бо такмилу тасхех матни арабии « Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод.» (чопи Эдуард Захау) дубора нашр шуд. Мутарчим, донишманди маъруфи эрони Акбари Доносиришт соли 1943 асарро ба форсй гардонида, ба табъ расонид. Соли 1952 шаркшиносони не­мис Карл Герберг ва Иоганн Фюкклбар бори дигар матни арабии асар­ро чоп кунонданд. Соли 1957 «Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод»-ро М. Сале ба руси ва А. Расулов онро ба узбеки тарчима карда, соли 1968 ин- тишор дод. Тарчумаи М. Сале нисбатан пурра буда, холо нусхаи комилтарин ба шумор меравад.

Адабиёт: Абурайхан Беруни (избоанные произведения) «Памятники минувших поколений», Таш­кент, 1957; Розенфильд Б. А., Ро­жа нскан М. Москва, Соколовская 3. К., Абур-райхан Ал-Бируии, Москва, 1973;

Г а ф у р о в Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая истории. Москва, 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …