Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Амир Шайхам

Амир Шайхам

СУХАЙЛИ Низомуддин Ахмад маъруф ба Амир Шайхам (1444—1502), шоири форс-точик, ходими давлати. Дар Хуросон зиндаги ва эчод кардааст. Аз бачаги шеър мегуфт. Сухайли ба кавли Давлатшохи Самарканди («Тазкират-уш-шуаро») шагирди Шайх Озари буд ва бо тавсияи у «Сухайли» тахаллус кард. Ба забонхон узбаки хам шеър гуфтааст. Дар хар ду забон хам девон доштааст, ки асосан аз газал фарохам омадаанд. Сухайли бо унвони «Лайли ва Мачнун» (1484) достоне низ навиштааст, ки нусхахои даст- нависи он дар китобхонахои Бодлеан ва Оксфорд махфузанд. С. Вохидов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.