Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурахмонов Фозил

Абдурахмонов Фозил

Абдурахмонов Фозил (таваллдуаш 5. 12.1930, Конибодом), морфолог, док­тори илмхои тиб (1968), профессор (1969), узви хакикии Академиям илмхои пе­дагоги ва ичтимоии Федератсияи Рос­сия (2004), Аълочии мактаби оли ва Аълочии тандурустии СССР, Ходими шоистаи илм ва техникаи То­чикистон (1994).

Хатмкардаи факултети муоличавии Институти давлатии табии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1952). Баъди ба итмом расондани аспирантураи Донишкадаи тиббии 2-юми Москва дар вазифахои директори Омузишгохи тиббии Ду­шанбе (1957 – 1962), декани факудтетхои педиатри (1963 – 1968) ва стоматология (1968 – 1969), мудири кафедраи анатомияи эътидолии одам (1968 – 1994) ва мудири кафедраи муттахидаи анато­миям одами Донишгохи Давлатии Тиббии Точикистон (1994 – 2006) кор кардааст.

Аз соли 2006 профессори кафедраи муттахидаи анатомияи одами хамин донишгох. Доир ба масъалахои таъминоти хун дар кисматхои чудогонаи магзи cap, гадудхои тарашшухи дохили ва морфологияи рагхои хурди хуну лимфагарди узву бофтахои одам дар холати муътадил ва бемори (перитонит, илтихоби гурда, сиррози чигар, галаёни хун ва гайра), хамчунин дар шароити тачриба дар водихо ва баландкуххо (агбахои Анзоб ва Мургоб)тадкикот анчом додааст. Муаллифи зиёда аз 170 асархои илми ва таълимию методист.

Китоби у «Ана­томияи одам» (ду чилд) дар конкурси таълифи китобхои дарси сазовори мукофоти «Оли Сомон» (1995) гаштааст (соли 1998 китоби бехтарини сол шуморида шуд). Дар конгрессхои гуногуни байналмилали, съезду конференсия ва симпозиумхои умумииттифоки ва минтакави маъруза кардааст. Тахти рохбарии у 7 нафар рисолаи номзади ва 2 нафар рисолаи доктори дифоъ намудаанд.

Раиси Ассотсиатсияи морфологхои Чумхурии Точикистон, чонишини ра­иси Шурои хамохангсозии давлатхои Осиёи Маркази, узви Шурои хамохангсозии Ассотсиатсияи морфологхои Иттиходи Давлатхои Муттахида, узви шурои тахририяи мачмуаи «Паёми Сино». Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат, 7 медал ва Гра­мотаи Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст.

Основание: Кровеносные сосуды брюшины, Душанбе, 1973; Анатомияи одам, чилди I, Душанбе, 1995, чилди 2, 1998; Крат­кий атлас анатомии человека, Душанбе, 2000; Атлас – учебник по функциональной анатомии челове­ка, том 1 – 2, Душанбе, 2006,2008.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …