Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурахмонов Аскар

Абдурахмонов Аскар

Абдурахмонов Аскар (таваллудаш  15 3.1937, дехаи Шидзи нохияи Рушон), санъатшинос, профессор (1993), Ходими шоистаи хунари Точикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шахри Москва (1960).

Муддате дар театри мусикию мазхакавии вилоятии шахри Хучанд ва Театри давла­тии академии драмаи точик ба номи А. Лохути чун актёр фаъолият намудааст. Солхои 1962 – 1965 аспиранти Донишкадаи давлатии санъати теат­рии ба номи А. В. Луначарскийи шахри Москва, 1965 – 1971 мухаррири хайати  тахририя ва барномасозии Вазорати  маданияти Точикистон, 1971 – 2004 муаллими калон, дотсент, декани факултети санъат, мудири кафедраи махорати актёри, 2004 – 2005 ноиби рек­тор оид ба таълими ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.

Доир ба масъалахои театри точик, роххои баланд бардоштани махорати актёри, хаёту фаъолияти як зумра санъаткорони варзидаи чумхури беш аз сад асару макола навиштааст. Бо медалхои «Барои мехнати шучоатнок», «Собикадори мехнат» ва ифтихорномахо сарфароз гардидааст.

Ос.: Путь к сцене, Д., 1966; Гурминдж Завки- беков, Вильнюс, 1978; Рустами сахнаи точик, Д., 1990; Пахлавони се майдон, Д., 2005; Ифтихори сахнаи точик, Д., 2008.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …