Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулхолики Гичдувони

Абдулхолики Гичдувони

Абдулхолики Гичдувони ибни Абдулчамил (соли таваллудаш номаъ­лум – вафоташ 1179, Гиждувони Бухоро), назариётчи ва асосгузори тарикати хочагон, пири рухонии Бахоуддини Накшбанд, яке аз шогирдони маъруфи Хоча Юсуфи Хамадони. Осори бисёре боки мондааст, ки мазмунхои фалсафию ирфони доранд. Мухимтарини онхо «Манокиби Хоча Юсуфи Хамадони», «Ибтидои чомеъ-ул-кулам», «Маслак-ул-орифин» мебошанд.

«Иб­тидои чомеъ-ул-кулам» панду насихатхои муаллиф ба писархондаш Авлиёи Кабир мебошад, ки бо номи «Васиятнома» низ машхур аст. Вай дар ин рисола асосан дар бораи шартхо ва вазифахои солики рохи ха­кикат, ки ичрои онхо барои хар як су­фии ин рохро пешгирифта хатми ва зарури аст, сухан рондааст.

Шарти аввал ва умдае, ки Хоча Абдулхолик дар назди солики рох мегузорад, порсоманиши ва мутадайин будани у мебошад. Суфии хакики он аст, ки тамоми аркони шариатро риоя намуда, вазифахои тарикатро ба чо оварад ва ризку рузиашро бо мехнати халоли худаш пайдо кунад. Солик бояд кадру кимати пири худро арч гузорад. Зеро муршид аст, ки равандаи рохро барои расидан ба каъбаи максуд хидоят мекунад, пеш аз хама бояд кушиш кунад, ки нафси хешро аз молу чохталаби озод намояд:

Гар дар талаби хукму сиёсат боши,

Кай сохиби донишу киёсат боши.

Харгиз натавон солики рохат гуфтан,

Гар з-он, ки талабгори риёсат боши.

Абдулхолики Гичдувони агар аз як тараф ба суфиён меомухт, ки ба самоъ камтар машгул шаванд, аз тарафи дигар, вай самоъро тамоман инкор намекард:

Инкор макун самоу макбул мадор,

Илло зи касс, ки зиндадил бошад ёр.

Гар нафси ту мурда нест аз шухрату оз,

Бо савту салот бошу дигар бигузор.

Мувофики таълимоти ахлокии у шахс танхоо дар сурати дурию ичтиноб чустан аз хислату рафторхои бад махбубу макбули мардум шуда метавонад. У пайравони худро ба саодатманди, нисбат ба дигарон гамхору мехрубон будан даъват кар­да, интикомчуиро намепазируфт. Ин нуктаи таълимоти уро баъдтар пай­равони тарикаи накшбандия касб карда, шиори «маранчу маранчон»- ро ба миён оварданд. Дар таълимоти Абдулхолики Абдулхолики Гичдувони бовари ба сарнавишту кисмат чойи хос дорад ва ба таълимоти ислом зич алокаманд аст. Таълимоти Абдулхолики Гичдувони минбаъд дар ташаккули таълимоту таъсиси тарикаи накшбандия таъсир расонд ва то хол ахамияти худро гум накардааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …