Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулхайи Мучахарфи

Абдулхайи Мучахарфи

Абдулхайи Мучахарфи, Шайх Абдулхайи Домулло Мухаммадсобири Абдулазим (1867, дехаи Мучахарфи Рашткатл 1931, махаллаи Сариосиёи Душанбе), адиб, донишманд ва орифи точик. Падари Абдулхайи Мучахарфи тахсилкардаи яке аз мадрасахои Бухоро ва муфтии Мучахарф буд. Абдулхайи Мучахарфи тахсили ибтидоиро назди падар шуруъ карда, минбаъд аз шайх Шахобуддини Ёзганди (пири тарикат дар Тавилдара) сабакхои мазхаби гирифтааст.

Абдулхайи Мучахарфи дар баробари огохии комили мазхаби аз илмхои роичи замонааш – адаб, сарфу нахви форсию араби, тасаввуфу ирфон, фалсафа ва амсоли инхо ххам бахраманд гардидааст. Абдулхайи Мучахарфи асосан дар зодгохаш ба таълиму тадриси масоили мазхаби машуулият дошта, хамзамон асархои арзишманде низ эчод кардааст. Соли 1930 уро ба чурми таблиготи мазхаби ва душмани Хукумати Совети тухмат карда, хабс мекунанд ва соли 1931 хукми катлаш ичро мегардад.

Аз Абдулхайи Мучахарфи мероси адабию илмии арзишманде боки мондааст: «Муфиз-ул-анвор» (рисолаи таълими-ирфони иборат аз 5 боб), «Далел-ус-соликин» (асари манзуми ишки-дини-ахлоки иборат аз 3800 байт), «Муфид-ул-муъминин» (маснавии ахлоки-дини иборат аз 4000 байт), «Девони ашъор» (иборат аз 968 газал, тарчеот, маснавихои хурд, рубоиёт (102 адад), муночот, мухаммасхо, наът, таърих, дубайтихо) ва «Канз- ул-мавоиз» (асари дини-ахлокии мансури порахои манзумдошта, ки аз 35 боб иборат аст). Тамоми ин осори гаронбахо бо хати зебои настаълики муаллиф китобат шудаанд.

Ба итти лои шохидон Абдулхайи Мучахарфи боз чанд асари дигар хам доштааст (аз чумла «Ойинаи шавк», «Гулзори такдир»), ки то хануз дастрас нагардидаанд. Дар осори Абдулхайи Мучахарфи хам мавзуъхои ирфони- ахлоки, хам матлабхои соф дини- мазхаби ва хам масоили ичтимои, тарбияви ва дигар мавзуъхои дуняви матрах гардидаанд. Хатто дар масои­ли соф мазхаби хам Абдулхайи Мучахарфи мутаассиб набуда, вокеъбин аст.

Чунончи дар «Муфид-ул-анвор меорад: «…маро ачаб аст, ки мардум катъи манозил ва тайи марохил намуда ба хач мераванд, ки то ба Каъба бирасем, зеро осори анбиё дар он чост! Чаро катъи бодияи нафсу хаво намекунанд, ки ба дилхои худ бирасанд?!» Маснавихои Абдулхайи Мучахарфи дар пайравии маснавихои Санои, Аттор ва Чалолуддини Руми таълиф гардида, «Канз-ул-мавоиз»-и у дар сабку услуби «Гулистон»-и Саъди ва «Бахористон»-и Чоми эчод шудааст. Абдулхайи Мучахарфи рую риёро намеинсандид ва чунин «зохидон»-ро мазаммат кардааст:

Машоиххои ин даврон тамоми рахзани динанд,

Хама афтода дар доми фиреботи шаётинанд. Барои сайди халкон густарида доми тазвире,

Гирифтори хавои нафс, фориг аз гами динанд…

Абдулхайи Мучахарфи дар хавзаи адабии Бухорои Шарки аз суханварони маъруф махсуб меёфт.

Ос.: Абдулхайи Мучахарфи, Муфиз-ул-анвор ва девони ашъор. Тадвини Абдулхайи Мучахарфи  Хуросони ва Б. Каримов, М., 2003.

Ад.: Хуросони А. М., К а р и м о в Б., Абдулхайи Мучахарфи. Алманахи Боргохи сухан, кит. 1, М., 2003; Шоирони Мовароуннахр. Тахияву тадвини Абдулхайи Мучахарфи Хуросони, Д., 2006.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …