Маълумоти охирин

ЯМАН

yemen-map

ЯМАН, кишварест, ки кисмхои чан. гарби ва чанубии нимчаз. Арабистонро дар бар мегирад. Ох. хазораи 2— ибт. хазораи 1 то м. дар Я. тамаддуни ба худ хосе ба ба миён омад, ки онро «тамаддуни Арабистони Чануби» меноманд. Дар хамин давра давлатхои Хазрамавт, Катабон, Сабаъ ва Маъин ба вучуд омаданд. Такр. дар миёнаи хазораи 1 то м. давлати Сабаъ нуфузи калони сиёси пайдо кард. Ибт. а. 4 м. тамоми худуди Я. ба шохии Химярихо муттахид шуд. Дар а. 7 сарзамини Я. ба хайати Хилофати исломии араб дохил гардид. Дар а. 10 дар кисми шимоли Я. фиркаи зайдияи шиа баркаpop шуд. Ибт. а. 16 туркхои усмони Я.-ро забт карданд, аммо с. 1633 дар худуди Я. давлати мустакили имомати зайдия барпо гашт. Авв. с-хои 70 а. 19 Империяи Усмония Я.-и Шимолиро вилояти худ эълон кард. Аз с. 1839 cap карда Британияи Кабир дар Я.-и Чануби хукмронии худро чори кардан гирифт (Мустамликаи Адап ва протекторатхои Адан). Дар рафти шуриши зидди усмонии с-хои 1904—11 Я.-и Шимоли мухторият ба даст овард ва с. 1918 шохии мустакил эълон кард. С. 1928 бо СССР шартнома баст. Дар натичаи революцияи зидди Хокимияти мутлак 26 сент. 1962 дар Я.-и Шимоли — Республикаи Ямани Араб (РЯА, ниг. Яман, Республикаи Ямани Араб) эълон карда шуд. Муборизаи ярокноки озодихохии миллии халкхои Адан ва протекторатхои Адан, ки с. 1963 cap шуда буд, 30 нояб. 1967 бо эълон кардани Республикаи Халкии Ямани Чануби анчом ёфт (аз 30 нояб 1970 Республикаи Халкии Демократии Яман; ниг. Яман, Республикаи Халкии Демократии Яман).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …