Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУТОХИРИ ТАРТУСИ

АБУТОХИРИ ТАРТУСИ

АБУТОХИРИ ТАРТУСИ Мухам­мад ибни Хусайн (соли таваллуд ва вафот но­маълум), достонсарои форс-точик (асри 11). Дар баъзе сарчашмахо бо номи Тарсуси низ зикр шудааст. Абутохири Тартуси дар сарчашмахо муаллифи достонхои «Абумуслимнома», «Кахрамоннома», «Искандарнома», «Кирони Хабаши», «Мусайибнома», «Киссаи Чамшед», «Хушангнома», «Доробнома», «Айёрнома» ёд шудааст. Абутохири Тартуси  достонхояшро забони гуфтааст, сипас онхоро касони дигар ба шакли китоб даровардаанд. Бо вучуди он ки матни асархо навишта мешуданд, достонсароёни дигар онхоро хамчунон забони хикоят мекарданд. Аз руи матн ошкор кардани пайдоиши он асархо душвор аст.

Дар ин сурат барои таъйини рузгори достонсаро маълумоти бавосита ахамият пайдо мекунанд. Аз руи пешгуфтори достоин туркии «Айёрнома» онро Абутохири Тартуси дар хузури Султон Махмуди Газнави гуфтааст. Киссахои бокимондаи Абутохири Тартуси гувохи истеъдоди баланди достонсароии уянд. У ба достонсароёни пасина таъсири бузург гузоштааст. Онхо аз сужетсозиву сахнаороиву тасвирхои у, саргузаштхои рангини айёрони у фаровон истифода кардаанд.

Основание: Достони Бурондухт ва Искакдар, Душанбе.

1991; Абумуслимнома. Душанбе, 1994.

Адабиёт: Чиллаев К., Народный роман «Абу Муслимнаме», Душанбе, 1985.

К Чиллаев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.