Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНЧАДИ

АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНЧАДИ

АБУЛМУЗАФФАРИ ПИСАНЧАДИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 11). Дар манбаъхое, ки дар бораи ин шоир маълумот додаанд, масалан, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфи, чузъиёти тарчумаи холаш наомада- аст. Дар хамии манбаъ баробари тавсифи у чун шоири мохиру тавоно се китъа (12 байт) аз эчоди у оварда шу­дааст. Абулмузаффари  Писанчиди дар ин байтхояш оташ (оташи миёни хокистар), гули ёсуманро васф намудааст. Шеърхои у нафо- сат ва зебои, мукоисаи бемонанд ва ташхиси чолиб доранд, ки гувохи шо­ири ширинкалому мушохидакор будани уянд. Дар васфи оташ гуфтааст:

Хаме бибини оташ миёни хокистар,

Чу офтоб, ки гирад зи мег тири хичоб.

Чу руи духтари душиза, к-у хичил гардад,

 Никобро ба pyx андар кашад ба вакти итоб.

Ёсумани шукуфтаро ба холати гамангези кахрамони лирики монанд кардааст:

Нигох кун ту ба-д-он ёсумани шукуфта ба бог,

 Сараш ба пеш дарафканда рост чун сари ман.

 Адабиёт: Абдуллоев А., Адабиёти форсу точик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе, 1979. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.