АБУЛХУСАЙН АХМАД ибни Хасан ибни Али ибни Хасан машхур ба Хасани Алави (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз умарои Табаристон дар ахди Сомониён. Абулхусайн Ахмад ба мисли бобояш Хасани Алави ва Носири Ка- бир талош менамуд, ки Табаристонро аз Сомониён чудо кунад. Бо ин хадаф дар ибтидои асри 10 у ва тарафдоронаш чандин бор бо сипохи сипахсолорони Хуросон ру ба ру шуданд.
Саранчом чанг бо сулх анчомида, сипохи амири сомони ба Бухоро баргашт ва Табаристон дар ихтиёри Носири Кабир карор гирифт. Соли 922 Абулхусайн Астаробод ва Чурчонро ба тасарруфи худ даровард ва хутба ба номи Абучаъфари Алави хонд. Аммо аз дасти Симчури Давоти шикаст хурда ба Сори фирор кард.
Дастнишондаи Абулхусайн дар Астаробод, фарде ба исми Мокони Коки бо Симчур чангид ва пируз шуд. Баъд аз истикрори Сомониён дар Табаристон дар чашни арусии яке аз амирони Табаристон Абулхусайни Ахмад низ дар радифи дигар шохзодагони алави дастгир ва ба Бухоро фиристода шуд.