АБУЛХАСАНИ ХАРАКОНИ Шайх Абулхасан Али ибни Ахмади Харакони (соли таваллуд номаълум – вафот 1034), ориф, шайхи мутасаввиф ва шоири форс-точик. Пас аз тахсили улуми мутадовила ва расидан ба иршод ба умури тасаввуф машгул шудааст.
Бо касби дехкони руз мегузаронд. Дар замони зиндгиаш дар байнн хосу ом шухратёр гардида буд. Мувофики маълумоти манобеи диниву адаби Абулхасани Xаракони бо ашхоси бузурги муосири худ Абдуллохи Ансори. Абусаиди Абулхайр, Абуали ибни Сино ва дигар хамнишину хамсухбат шудааст. Дар манокиби Абулхасани Xаракони китобе бо нош! «Нур-ул-улум» тадвин шудааст. «Нур- ул-улум» асарест, ки аз шеваи озодфикронаи тасаввуфи Хуросон шаходат медихад. Абулхасани Xаракони аз дах боб иборат буда, дар борон маънон истилохоти ирфони чун дарвеши, мурид, гариб, ориф, чавонмарди ва гайра тавзехоти мухтасар дорад. Дар «Нур-ул-улум» андешахои Абулхасани Xаракони дар бораи назария ва амалияи тасаввуф ба таври ихтисор омада. бештар ба масъалахои ахлоки ва ичтимои дахл доранд.
Чунин истилохоти мухими тасаввуф – хаячон, вахйи калб, мучохида, риёзат дар «Нур-ул-улум» дар колаби панду насихат ва чумлахои пурмаъно ва гохо печида баён шудаанд. Таъсири акидахои Абулхасани Xаракони ба тасаввуфи Хуросон хеле равшан аст ва истинод ба афкори у дар осори Ансори, Аттор, Санои. Мавлоно, Самъони. Айнулкузот, Абдурахмони Чоми ва дигарон бисёр аст. Гуфтахои Абулхасани Xаракони, инчунин баъзе маълумоти тарчумахоли дар бораи дар «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор, *Нафахот-ул-унс»-н Чоми ва дигар китобхои суфия оварда шудаанд. Ба Абулхасани Xаракони инчунин баъзе китъахои шеър ва рубоихоро нисбат медиханд.
Адабиёт.: Бертельс Е Э. Суфизм и суфийская литература. Москва. 1965; Ну рул у м. Китоби якто аз орифи бехамто Шайх Абулхасани Харакони. Тошкент, 1369 хичрии шамси : Олимов К.. Хорасанский суфизм. Душанбе, 1993; О л и м о в К. Баррасихо дар тасаввуф. Душанбе. 1998. К. Олимов. А. .Афсахзод.