АБУЛХАЙСАМИ ГУРГОНИ Хоча Ахмад ибни Хасан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (охири асри 10 – ибтидои асри 11). Абулхасайми Гургони дар овони чавони ба омухтани илму хикмати замони худ таваччухи зиёд дошта, шеърро неку месурудааст.
Носири Хусрав дар асари худ «Чомеъ-ул-хикматайн» уро ба неки ёд кардааст. Аз ашъори у як касида пайдо гардидааст, ки акидахои фалсафию ирфонии Абулхасайми Гургониро ифода мекунад. Носири Хусрав ба ин касида шарх навишта, шоир Абусаиди Нишопури шархи абёти онро дар китоби алохидае чой додааст.
Адабиёт: Захрои Хонлари, Рохнамои адабиёти форси, Тошкент, 1340 хичрии шамси У. Тоиров.