АБУЛФАТХ ПИНДОРИ РОЗИ Камолуддин ибни Абунаср Хотирии Рози (соли таваллуд номаълум – вафот 1010/11), шоири форс-точик. Оид ба давраи навраси ва тахсилоташ дар сарчашмахои адаби маълумот дарч нагардидааст. Абулфатх дар дарбори Мачдуддавлаи Дайлами (хукмронии 997 – 1029) хидмат мекард. Ба забонхои форсии дари, араби ва лахчаи табаристони (дар баъзе сарчашмахо дайлами, рози гуфтаанд) шеър мегуфт.
Аз осораш дар навъхои адабии газал, рубои, китъа ва гайоа 108 байтро мухаккикони адабиёт чамъовари намудаанд. Мавзуъхои ашъораш тараннуми хушихои зиндаги, андешахои фалсафи ва гайра мебошанд, ки баъдан дар рубоиёти Хайём низ ба таври густурда интишор ёфтанд. Мувофики маълумоти Хочи Халифа Абулфатх бо номи «Мунтахаб-ул-фурс» лугати тафсирие доштааст. Абёти зерин намунае аз ашъораш мебошанд:
Аз марг хазар кардан ду руз раво нест,
Рузе, ки казо бошаду рузе, ки казо нест.
Рузе, ки казо бошад, кушиш надихад суд,
Рузе, ки казо нест, дар у марг раво нест.
Мушкин килке серу бунболое,
Во ду чашми шахлою чи шахлое.
Адабиёт: Ашъори хамасрони Рудаки, Сталинобод, 1958; Адабиёти форсу точик дар асрхои XII – XIV, кисми 1, Душанбе, 1970.
М. Диловаров.