Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ БАХТИЁР

АБУЛАББОСИ БАХТИЁР

АБУЛАББОСИ БАХТИЁР Устод Абулаббоси Мутриб (872, Марв – 920, Бухоро), сароянда, навозанда ва мусикидони точик (нимаи дуюми асри 9 – аввали асри 10). Дар Бухоро зиндаги ва эчод кардааст. Аз овони чавони ба илми Юнону Араб рагбат зохир карда, дар муддати кутох илмхои даврашро аз худ намудааст.

Абулаббоси Аббоси чун устоди барбат дар ахди Сомониён шухрати беандоза пайдо мекунад ва бо рохбарии у дар Бухоро мактаби мусики таъсис меёбад, ки дар он худ аз назарияву амалияи илми мусики дарс мегуяд. Мувофики маълумот Абулаббоси Аббоси барои ин мактаб чандин асархои таълими иншо намудааст ва илова аз китобхои чудогонаи мусикии Птолемей ва Ев­клид таълим додааст.

Махсусан ба «Ритмикус»-и Уклидус, «Конунхо»-и Аристоксен ва «Ритмикус»-и Никомахус тафсир навиштааст, ки минбаъд Абунасри Форобиву Ибни Сино аз он бахра бардоштаанд. Зери сарпарастии у мусикидонону навозандагон ва сарояндагон Хобони Нойи, Мударники Нойи, Исои Барбати, Лукарии Чангй, устод Рудаки мусики омухтаанд. Махсусан, дар камолоти эчодии Абуабдуллохи Рудаки накши муассир доштааст.

Адабиёт; Рачабов А., Суннат ва навовари дар тамаддуни мусикии замони Рудаки, Душанбе. 2008; Донишномаи Шашмаком, Душанбе. 2009. А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.